Главная / Илм / КАМХУНӣ

КАМХУНӣ

kamhuniКАМХУНӣ (Anaemia; аз юн. oin – ҳиссачаи инкорӣ ва haima – хун), анемия, беморие, ки ба он кам шудани миқдори эритроситҳо ва гемоглобини хун хос аст. К. дар натиҷаи ихтилоли раванди хунҳосилшавӣ, талафи хун, вайрон шудани заррачаҳои сурхи хун (эритроситҳо), нуқси кори мағзи устухон, ки узви асосии хунофар аст, пайдо мешавад. К. метавонад ҳангоми баъзе бемориҳо (мас., амрози сироятӣ) низ инкишоф ёбад. К.- и вобаста ба норасоии оҳан ва витамини В12 бештар паҳн шудааст.
Оҳан чун моддаи химиявӣ дар фаъолияти организм аҳамияти калон дорад. Он барои ҳосил шудани гемоглобине, ки оксигенро аз шуш ба бофтаҳо мерасонад, ниҳоят зарур аст. Ҳангоми нарасидани оҳан кори ғадудҳои ҳозима, системаи асаб ва мушакҳо вайрон мешавад.
К.-и оҳаннорасо асосан дар натиҷаи талафи хун ба вуҷуд меояд. Хунравии дуру дароз, мас., ҳангоми бавосир ё захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, боиси К.-и сахт мегардад . Асосан занҳое, ки дар вақти ҳайз хуни бисёр талаф медиҳанд, ба ин намуди К. гирифтор мешаванд. Ҳомилагии пай дар пай ва муддати дароз сина макондани кӯдакон низ ба инкишофи К. мусоидат мекунад. Гӯшт манбаи асосии оҳан буда, нарасидани он дар вояи хӯрок, хусусан дар ғизои кӯдакон, сабаби К.-и онҳо мегардад.
Аломатҳои асосии К.-и оҳаннорасо чунинад: кам шудани гемоглобини хун дар ҳоле, ки миқдори эриротситҳо андаке кам ё мӯътадил аст, вале ҳар як эриротсит гемоглобини ниҳоят кам дорад (К.-и гипохромӣ). Дар ин маврид нишондиҳандаи ранги хун паст мешавад. Бемороне, ки дар таркиби хунашон оҳан кам аст, рангпаридаанд, зуд хаста мешаванд, дард ва чархзании сарро ҳис карда, чашмонашон сиёҳӣ мезанад, мӯяшон мерезад; нохунҳояш мӯрд шуда, баъзан фурӯ бурдани хӯрок душвор мегардад; мехоҳанд бӯр, оҳак, хӯроки тунду тез ва шӯр истеъмол намоянд.
Сабаби пайдоиши чунин зуҳурот асосан ба ихтилоли раванди таъмину истифодаи оксиген аз ҷониби бофтаҳои организм вобаста аст. Дар мавриди норасоии оҳан фаъолияти ферментҳои нафаскашӣ, ки оксигенро аз узвҳои нафасгирӣ ба бофтаҳо мерасонанд, халал меёбад. Паридани ранги рӯ ва тез задани дил ҳангоми кори ҷисмонӣ аломати К. аст.
Барои пешгирӣ ва муолиҷа К.- и оҳаннорасо саривақт ошкор ва бартараф кардани манбаи талафи хун ва мураттаб будани тағзия аҳмияти калон дорад. Ҳангоми ҳомилагӣ ва синамаконӣ истеъмоли хӯроки серғизо (миқдори гӯшт ба дараҷаи кофӣ бошад) модар ва кӯдаки ширмакро аз инкишофи К. пешгирӣ мекунад.
Муолиҷаи К. қатъиян аз рӯи таъиноти духтур ва дар шароити амбулатория ба муддати тӯлонӣ гузаронида мешавад. Аломатҳои нахустини беҳтар шудани аҳволи бемор баъд аз 3 ҳафта аён мегарданд.
К.-е, ки ба нарасидани витамини В12 ё кислотаи фолиат (ниг. Витаминкоҳиш) вобаста аст, кам вомехӯрад. Ба чунин К., одатан, одамони солхӯрда, ки фаъолияти пардаи луобии меъдаашон вайрон шудааст, инчунин маризони гирифтори гелминтозҳо, баъзан занони ҳомила дучор меоянд.
Аз нарасидани витамини В12 ё кислотаи фолиат дар хун миқдори эритроситҳо кам мешавад. Сӯхтани забон, исҳол ва дар мавриди кӯҳна шудани беморӣ иллати системаи асаб (ноустуворӣ ва дудилагии рафтор ва ғ.) аломатҳои хоси ин намуди К. мебошанд.
Барои пешгирии К.-е, ки аз нарасидани витамини В12 ё кислотаи фолиат пайдо мешавад, фавран ошкор ва муолиҷа кардани иллати меъдаю рӯда (хусусан ҳангоми исҳол) зарур аст. Дар маҳалҳое, ки кирми тасмашакл паҳн шудааст (ниг. Дифиллоботриоз), риояи қоидаҳои беҳдошт ва муроҷиати саривақтӣ ба духтурон аҳамияти калон дорад.
К.-и аз нарасидани витамини В12 сарзадаро ба маслиҳат ва назорати духтур табобат бояд кард. Витамини В12 доруи пуртаъсир буда, баъзан ба он кислотаи фолиатро ҳамроҳ мекунанд.
К.-и гемолизие, ки сабаби он ихтилоли эритроситҳо аст, намудҳои гуногун дорад. Он модарзод ва ғайримодарзод мешавад; бештар бо зард шудани пӯст ва пардаҳои луобӣ зоҳир мегардад. Аз ҳамин сабаб баъзан ин намуди К.-ро ба бемориҳои ҷигар нисбат медиҳанд. Барои ташхиси аниқ ва муолиҷаи дурусти К. ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …