Главная / Илм / КАПИЛЛЯР

КАПИЛЛЯР

kapilyarКАПИЛЛЯР, мӯраг, мӯйраг, рагҳои бориктарини мағзи бофтаҳо. К. ду хел мешавад: К.-и хун ва лимфа. К.-ҳои хун дар байни хуну бофтаҳо функсияи мубодиаи газ ва моддаҳои дигарро иҷро мекунанд. Диаметри онҳо, одатан, аз 2,5 то 30 мкм мешавад. К.-ҳои васеъро синусоидҳо низ меноманд. Девораи К. аз се қабат иборат аст: адвентисиалӣ (берунӣ), базалӣ (миёна) ва эндотелӣ (дарунӣ). Қобилияти гузаронандагии девораи К. пеш аз ҳама ба нуфузпазирии эндотелий вобаста аст. Варам кардани ядро ва ситоплазмаи ҳуҷайраҳои эндотелӣ дар К.-ҳои шараён боиси руст шудан ва дар ҳуҷайраҳои К.-ҳои воридӣ бошад, боиси танг шудани сӯрохии онҳо мегардад. К. дар ҳар як узв сохти махсус дорад. Мас., дар мушакҳо қабати эндотелии он ғафс ва қабати базалӣ тунук, дар гурда бошад, қабати базалӣ ғафсу қабати эндотелӣ тунук аст. К.-ҳои мағзи устухон қабати базалӣ надоранд. К.-ҳои лимфа қариб дар ҳамаи узву бофтаҳои одам ва ҳайвонот (ба ғайр аз мағзи сар, паренхимаи испурч, гиреҳҳои лимфа, тағояк, ҷалидияи чашм) мавҷуданд. Онҳо фақат аз қабати эпителӣ иборат буда, вазифаи аз бадан баровардани фасод, моддаҳои моеъ, маҳлулҳои коллоидии сафедаҳо, ҷисмҳои бегона, бактерияҳо ва ғ.-ро иҷро мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …