Главная / Теги: Тиб (страница 41)

Теги: Тиб

КАЛЛАПОЧА

kalapocha

КАЛЛАПОЧА, узвҳои дарунӣ, калла, дум, дасту пои ҳайвонот, ки баъди куштан ҷудо карда мегиранд. Баъзе узвҳо – ҷигар, гурда, мағзи сар, дил, сина, пардаи зери шуш дар ғизонокӣ аз гӯшт камӣ надоранд, аз ҷиҳати миқдори баъзе витаминҳо, леситин, намакҳои минералӣ бошад, аз он мегузаранд. Ҷигар, хусусан ҷигари гов ва гӯсола, …

Муфассал »

КАЛМОЧ

kalmoch

КАЛМОЧ (Trichodesma incanum), як навъ растании бисёрсола. Баландиаш то 110 см. Пояи сершохчаю барги байзашакл ё нештаршакли дарозрӯяи сермӯяк (дарозиаш 2 – 10 см, бараш 1 – 3 см), хӯшагули туғшакл, гули нилгун ё сафеди кабудтоб, чормағзаки мудаввар ё байзашакли дорчинии ашҳаб (дарозиаш 6,5 – 9 мм) дорад. Май-окт. гулу …

Муфассал »

КАЛТСИЙ

kaltciy

КАЛТСИЙ (Calcium, аз лот. calx – оҳак), Са, элементи химиявии гурӯҳи II системаи давраи Менделеев, мансуби металлҳои ишқорзамин; рақами ат. 20, массаи ат. 40, 08. Аввалин бор с. 1808 Г. Дэви ҷудо кардааст. К.-и табиӣ аз омехтаи 6 изотопи собит (40Ca, 42Ca, 43Ca, 44Ca 46Ca ва 48Ca) иборат аст, ки …

Муфассал »

КАЛТУЧ

kaltuch

КАЛТУЧ, чашмаи минералӣ. Дар нишебии ҷан. қ. – кӯҳи Ҳисор, дар водии д. Кофарниҳон, 0,5 км поёнтар аз деҳаи Калтуч ҷой гирифтааст. Баландиаш аз с. б. 1140 м. Дебиташ – 6 л/сон., ҳарор. обаш 30,20С. Оби чашма аз гидрокарбонатҳо, калсий, натрий таркиб ёфтааст. Бо мақсади табобати бемориҳо истифода мешавад. Ад.: …

Муфассал »

КАЛШТЕЙН Лев Иосифович

nophoto-man

КАЛШТЕЙН Лев Иосифович (тав. 26. 5. 1924, Кишинёв), оториноларинголог, доктори илми тиб (1968), проф. (1969), Ходими хизматнишондодаи илмии ҶШС Тоҷ. (1974), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1979). Ин-ти тиббии якуми Москваро хатм кардааст (1947). Ординатор, ассистент, дотсент, мудири кафедраи бемориҳои гӯшу бинӣ ва гулӯи ДДТТ ба …

Муфассал »

КАМАҚЛИИ ПИРСОЛӣ

kamaklii-pirsoli

КАМАҚЛИИ ПИРСОЛӣ (Dementia senilis), як навъ бемории рӯҳӣ, ки асосан дар куҳансолӣ рух намуда, сабаби он атрофияи мағзи сар аст. Дар мавриди К. п. фаъолияти рӯҳӣ тадриҷан коҳиш ёфта, то ба дараҷаи беақлӣ ва аз даст додани хислатҳои шахсӣ мерасад. Ҳангоми К. п. ноҷӯрии асосӣ ихтилоли авҷгиранда ва бебозгашти хотира …

Муфассал »

КАМАҚЛӣ

kamakli

КАМАҚЛӣ, нуқси фаъолияти рӯҳӣ, ки дар мавриди он донишу малакаҳои қаблан гирифта кам ё батамом ва бе бозгашт нест мешаванд. К. навъҳои гуногун дорад, мас., пирсолӣ, фалаҷӣ, машруботӣ, рагӣ, шизофрениявӣ ва ғ. Вобаста ба дараҷаи зуҳурот К. пурра ва ҷузъӣ мешавад. Ҳангоми К.-и пурра муҳокимаронӣ, ҳофиза, тафаккур аз байн меравад, …

Муфассал »

КАМАРДАРД

kamardardi

КАМАРДАРД (Lumbago), миёндард, люмбаго, дарди шадиди миён, ки дар натиҷаи зӯр омадан ба мушакҳои сутунмӯҳра (ҳангоми бардоштани бори вазнин ё ҳаракати беҷо), аз ҳад хунук хӯрдан (хусусан шамол кашидани миён) сар мезанад. К. зуҳуроти радикулит, бемориҳои сутунмӯҳра ва ғ. низ мебошад. К. ҳангоми хаму рост шудан, паҳлӯ гаштан, сурфаи сахт, …

Муфассал »

КАМОЛ

kamol

КАМОЛ (Ferula), кумот, номи умумии чанд навъ гиёҳи бисёрсола. Аз 2 то 3 м қад мекашанд. Баргҳои бурришнок, тӯдагули чатршакл, гулҳои майдаи зард ё сафедча доранд. Дар Тоҷикистон қариб 40 намуди он мерӯяд. К.-ро метавон дар маҳалҳои кӯҳсор дучор омад. Аз К. зифт, самғ, эфир, дору ва ғ. мегиранд, мас., …

Муфассал »

Миёндард – сабаб ва роҳҳои табобат

miyon-dard

Дарди миён ин бемориес, ки новобаста аз сину соли кас пайдо мешавад ва азобе ки ӯ ба иносон медиҳам ҳам имконияти кор накарданро медиҳаду ва ҳам асабҳоро хароб мекунад. Сабаби пайдоиши дарди миён гуногун мешавад ва дар байни аз ҳама паҳншудатарин сабаб ин каҷшавии сутунмуҳра мебошад, ки дар натиҷаи он …

Муфассал »