Главная / Илм / КАМХУНИИ ГЕМОЛИЗИИ НАВЗОД

КАМХУНИИ ГЕМОЛИЗИИ НАВЗОД

kamhunii-navzodКАМХУНИИ ГЕМОЛИЗИИ НАВЗОД (Morbus haemolyticus neonatorum), бемории шадиде, ки бинобар аз рӯи гурӯҳҳои хун ва резус-омил мувофиқат накардани хуни модару ҷанин пайдо мешавад.
Дар эритроситҳо (ҳуҷайраҳои сурхи хун)-и бисёр одамон моддаи махсусе вуҷуд дорад, ки он аввалин бор аз хуни маймуни зоти макака-резус ҷудо карда шудааст (аз ин сабаб онро резус-омил номиданд). Вобаста ба омили мазкур хунро ба резус – мусбат ва резус – манфӣ ҷудо мекунанд. Кӯдак ба беморӣ ҳангоми номувофиқатии резуси хуни падар ва модар (хуни модар резус-манфӣ ва хуни падар резус-мусбат) бемор мешавад. Дар ин маврид кӯдак мумкин аст резус-омилро аз резус-мусбати падар мерос гирад. Резус-омили хуни ҷанин ба тавассути ҳамроҳак ба маҷрои хуни резусаш манфии модар мегузарад. Организми модар бар зидди резус-омили кӯдак подтанҳое ҳосил мекунад, ки онҳо ба воситаи ҳамроҳак ба хуни резусаш мусбати ҷанин гузашта, эритроситҳоро вайрон месозанд (хун об мешавад). Ин иллат минбаъд боиси камхунӣ ва ҷамъ шудани пигменти зарди талха – билирубин мегардад. Ба беморӣ бештар кӯдаконе, ки дар ҳамли дуюм, сеюм ва минбаъд зоида шудаанд, инчунин кӯдаконе, ки пеш аз таваллуд ёфтани онҳо зан исқот (аборт) кардааст, гирифтор мешаванд (зеро миқдори подтанҳои организми модар аз як давраи ҳомилагӣ то давраи ҳомилагии дигар меафзояд). Агар ба модар, сарфи назар аз резус-омил, пештар хун гузаронида бошанд, мумкин аст кӯдаки якуми ӯ низ ба К. гирифтор шавад. Беморӣ инчунин ҳангоми номувофиқатии гурӯҳи хуни модар ва кӯдак рӯй медиҳад. Асосан ин ҳолат ҳамон вақт ба вуқӯъ мепайвандад, ки хуни модар ба гурӯҳи О, вале хуни кӯдак ба гурӯҳи А ё В мансуб аст.
Чунин меҳисобанд, ки дар мавриди резус – номувофиқатии хун аз 1000 навзод 2 – 3 наф. ва ҳангоми тазод (конфликт) дар системаи АВО аз 1000 навзод 5 – 6 наф. ба К. гирифтор мешавад.
Се шакли К. мавҷуд аст: истисқои умумии модарзоди кӯдак, зардпарвини навзод ва камхунии модарзоди тифл. Ин тақсимот шартист, зеро шаклҳои омехтаи он ҳам дучор меоянд.
Шакли маъмули К. зардпарвини навзод аст. Зардпарвин рӯзҳои аввали баъди таваллуд аён гашта, зуд авҷ мегирад; баъзан кӯдак бо ранги зард ба дунё меояд. Ба пайдоиши зардпарвин дар хун пайдо шудану зуд афзудани билирубин, ки ҳангоми таҷзияи эритроситҳо ҳосил мешавад, мусоидат мекунад. Билирубин моддаи заҳрнок буда, афзоиши он боиси эътилоли мағзи сар мегардад. Дар сурати дуруст муолиҷа накардан, ҳоли кӯдак дар охири ҳафтаи аввали ҳаёт якбора бад мешавад; ӯ беҳолона сина мемакад, ташаннуҷ рӯй медиҳад, ҳаракати чашмон халал меёбад. Кӯдаке, ки чунин зардпарвини вазнинро аз сар гузаронидааст, минбаъд мумкин аст рӯҳан ва ҷисман заиф ба воя расад.
Шакли аз ҳама вазнини К. истисқои умумии модарзоди кӯдак аст. Дар ин маврид кӯдак мурда таваллуд мешавад ё дар соатҳои аввали ҳаёт мемирад. Ҳангоми истисқои умумии модарзод ранги пӯст парида, он баъзан зардчатоб мешавад; варами пӯст ва камхунии кӯдак хеле назаррас аст. Камхунӣ ва истисқо боиси нуқси дил ва фавтидани кӯдак мегардад.
Ҳангоми камхунии модарзоди тифл ранги рӯи кӯдак парида, ин рнгпаридагӣ дар охири ҳафтаи якум ва аввали ҳафтаи дуюми ҳаёти ӯ бештар аён мегардад.
Усулҳои имрӯзаи муолиҷа баҳри кам шудани фавти кӯдакон аз К. заминаи мусоид фароҳам оварданд. Бо мақсади пешгирии К. дар марказҳои мушовараи тиббии занон резус-омили хуни занҳои ҳомила муайян карда мешавад. Зани хунаш резус-манфиро ба қайд мегиранд, аниқ мекунанд, ки оё ба ӯ пештар хун гузаронида буданд, кӯдаки мурда ё бемор ба дунё оварда буд, исқот кардааст ё не. Мавҷудияти резус-подтанҳоро дар хуни онҳо мунтазам тафтиш мекунанд. Ҳангоми гумонбар шудан ба беморӣ (зиёд шудани миқдори подтанҳо) тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Ба зане, ки бори аввал ҳомила шудаасту хунаш резус-манфист, исқоти ҷанин маслиҳат дода намешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …