Главная / Илм / КАНДИДОЗ

КАНДИДОЗ

kandidozКАНДИДОЗ (Candidosis), кандидамикоз, бемории занбӯруғии одам ва ҳайвонот. Ҳангоми К. пӯст, луобпардаҳо, узвҳои дарунӣ иллат меёбанд. Занбӯруғҳои ба ном Кандида, ки ба занбӯруғҳои хамирмоя монанд мебошанд, дар табиат васеъ паҳн шудаанд. Онҳо дар растанӣ, меваю сабзавот, хусусан дар меваҳои ширин зандагӣ мекунанд. Пӯст ва луобпардаҳои даҳон, рӯда, роҳи нафас ва аъзои таносули одамон ва ҳайвонот ҷои зисти занбӯруғҳои кандида мебошанд. Занбӯруғҳои Кандида дар пӯсту луобпардаи тифли навзод ҳангоми аз роҳҳои зоиш гузаштани ӯ ҷой гирифта, як умр дар ҳамон ҷо мемонанд. Агар неруи муҳофизи организм дар аснои бемориҳои вазнин (сил, бемории хун, исҳоли хунин, тиф ва ғ.) суст шавад, занбӯруғҳои Кандида қобилияти бемориоварӣ пайдо мекунанд.
Бе маслиҳату назорати духтур истеъмол кардани антибиотикҳо ба шиддат гирифтани фаъолияти зиёновари занбӯруғҳо мусоидат менамояд. Мавриди нодуруст истифода кардани антибиотикҳо мувозанати биологии микроорганизмҳое, ки дар пӯсту луобпардаи одам ҷой гирифтаанд, халал ёфта, барои афзоиши занбӯруғҳои Кандида шароити мусоид муҳайё мегардад. Дар натиҷа ашхосе, ки муддати дароз беморанд, ба К.-и луобпардаи даҳон ё «барфак» гирифтор мешаванд. Ҳангоми К. дар забон, ком ва милки дандон қабати тунуки сафед – «барфак» пайдо шуда, дар вақти истеъмоли хӯрок даҳон дард мекунад. Дарди даҳони кӯдакони ширмак аз қадимулайём маълум аст; ба он асосан тифлони чала ё аз сабаби ягон беморӣ заифгашта гирифтор мешаванд.
Баъзан пӯсти гӯшаи даҳони одамони солхӯрда (бештар дар занҳое, ки дандони сунъӣ доранд) кафида яра мешавад. Яра барои афзоиши занбӯруғҳои Кандида шароити хуб муҳайё месозад (оқибат лаҷомак ба вуҷуд меояд).
Бисёр вақт К.-и нохун ба мушоҳида мерасад. Ба он асосан занҳое, ки зуд – зуд дасташонро ба об мезананд (занҳое ки косаву табақ мешӯянд, дар корхонахои қаннодӣ ва ғ. кор мекунанд) гирифтор мешаванд. К.-и нохун аз буридани он (зимни нохунороӣ) низ ба вуҷуд меояд. Занбӯруғ ба зери болиштаки нохун дохил гашта, дар он ҷо меафзояд, пӯсти атрофи нохун сурх шуда, варам ва дард мекунад.
К. дар маҳбал низ инкишоф меёбад; дар ин ҳол дар луобпардаи он қабати тунуки сафед пайдо шуда, ихроҷи тарашшӯҳ ва хориш ба вуҷуд меояд (ниг. Колпит). К. дар чинҳои пӯсти қадкашак, зери ғадудҳои шир, байни ангуштони даст, хусусан дар кӯдакон ва шахсони фарбеҳ, низ метавонад пайдо шавад. Агар саривақт табобат накунанд, беморӣ ба диг. қисмҳои пӯст, луобпардаҳо ва узвҳои дохилӣ паҳн мегардад. К. чандон сироятнок нест, вале кӯдакони навзод ва ширмак баъзан аз калонсолон ба тавассути пистонак, парпеч сироят меёбанд. Дар ин ҳол К. дар даҳон ё чинҳои қадкашак ба вуҷуд меояд.
Дар мавриди гирифтор шудан ба К. саривақт ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. К. – ро дар асоси маълумоти лабораторӣ ташхис мекунанд.
Баҳри пешгирии К. риояи қоидаҳои беҳдошт, роҳ надодан ба серарақӣ, худсарона истифода набурдани антибиотикҳо аҳамияти калон дорад.
К. бемории табобатшаванда аст. Мариз чӣ қадар бармаҳал ба духтур муроҷиат кунад, ҳамон қадар тезтар шифо меёбад. К.-ро дар асоси тадқиқи лабораторӣ муайян мекунанд. Барои пешгирии К. риояи қоидаҳои беҳдошт ва эҳтиёт кардани пӯст зарур аст; антибиотикҳо ва диг. доруҳоро фақат бо тавсияи духтур бояд истеъмол кард. Ниг. низ Барфак, Бемориҳои занбӯруғии пӯст, Вулвит, Баланит.
Ад.: Зоиров П. Т., Бемориҳои пӯст, Д., 1999; Ҳамон муаллиф, Болезни кожи, Д., 2002; Ҳамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

П. Т. Зоиров.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

magas

МАГАС

МАГАС, номи умумии ҳашаротест аз оилаи дуболаҳо. Дар дунё тақр. 5 ҳаз. намуди М. мавҷуд …