Главная / Илм / КАНДАНИ ПАЙ

КАНДАНИ ПАЙ

kandani-payКАНДАНИ ПАЙ, як навъ осеби пай, ки дар натиҷаи зарбу лат хӯрдан бо дард, хуншорӣ, варами узв ва диг. нишонаҳо падид меояд. Кандашавии зерипӯстии пай бо ихтилоли фаъолияти мушакҳои марбута рух менамояд. Нӯги кандашудаи пайро бисёр вақт бо ламс кардан метавон ошкор сохт. Хусусан пайи Ахиллов (пайи пошна), сари дарози мушаки дусараи китф ва мушакҳои росткунандаи панҷа бештар канда мешавад.
К. п.-ро бо роҳи ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Дар ин гуна мавридҳо ба фаъолияти минбаъдаи узв диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …