Главная / Илм / КАНА

КАНА

kanaКАНА, як гурӯҳ ҷонварони тортанакшакли бемӯҳра. Зиёда аз 10 ҳаз. намуди К. маълум аст, ки дар ҳама ҷо паҳн шудаанд. К. лӯнда ё байзашакл (андозааш аз 0,2 мм то 3 см) мешавад.
К. партовҳои пӯсидаро мехӯрад ё дар ҷисми ҳайвонот ва растаниҳо ҳаёти туфайлӣ ба сар мебарад; хуни ҳайвоноти ширхор ва одамро мемакад. К-ҳои хунмак ангезандаи бемориҳои одамро паҳн мекунанд. Мас., К.-ҳои иксоди паҳнкунандаи барангезандаи энсефалит, домана, туляремия, табларзаи марселӣ ва ғ. мебошанд. К.-ҳои иксодӣ дар чарогоҳҳо, буттазор, ҷангал, дашту биёбон, кӯҳҳо маскунанд. Онҳо бисёр вақт ба ҳайвонот ва одам часпида мегиранд. Барои аз К. худро муҳофизат кардан, либоси остинаш тугмадор, саргирак ва мӯза пӯшидан лозим аст. Агар ба либос репеллент пошед, боз беҳтар аст. Ҳангоми дар мавзеъҳои серкана кор кардан, хусусан баҳор ва тобистон, рӯзе чанд маротиба сару баданро аз назар гузаронидан лозим. Хоса ба чинҳои пӯст эътибор бояд дод. К. – и ба бадан часпидаро бо ангушт ё пинсет оҳиста ҷунбонда-ҷунбонда мегиранд. Эҳтиёт шудан лозим, ки хартумчаи он канда шуда, дар пӯст намонад. Дар сурати канда шудани хартумча онро мисле, ки хорро аз бадан мебароранд, бояд оҳиста берун кард. Сипас ба ҷои захм йод ё спирт мемоланд.
Баъзе намуди К.-ҳои аргасӣ ангезандаи тифи раҷъӣ ва К.-ҳои гамазоидӣ бошад, ангезандаи риккетсиози нағзакмонандро паҳн мекунанд. К.-ҳои аргасӣ дар лонаи паррандагон, ҳайвонот, хонаҳои похсадевор сукунат доранд. Бинобар ин дар ҷойҳое, ки эҳтимоли мавҷуд будани чунин К.-ҳо мавҷуд аст, хайма задану хоб рафтан ҷоиз нест. Дар сурати ниҳоят зарур будани иқомат дар чунин ҷойҳо, пас қаблан доруҳои канакуш пошед (ниг. Дезинсексия).
К.-ҳои гамазоидӣ дар рӯ хок, зери баргҳо, лонаи хояндагон, мурғхонаҳо зиндагӣ мекунанд. К. – ҳои лонаи мушу калламушҳоро бо роҳи дератизатсия маҳв месозанд. К.-и мурғон бо акарасидҳо нобуд карда мешаванд.
Ҳангоми ба пӯст расидани баъзе К-ҳо дерматит ва дар аснои ба пардаи луобии роҳҳои болоии нафас роҳ ёфтани онҳо назла пайдо мешавад. Баъзеи К.-ҳо дар дохили пӯсти одамон зиндагӣ мекунанд. Мас., К.-и гар бемории хоришак, К.-и ғадуд бемории демодикоз ва ғ.-ро ба вуҷуд меоранд.
Ғизое, ки бо К.-ҳо ва саргини онҳо олуда шудааст, боиси бемориҳои меъдаю рӯда ва аллергия мегардад. Барои муҳофизат аз К.-и хоришак риояи қоидаҳои беҳдошт ва алоқа накардан ба бемор зарур аст. Ҳангоми истифодаи моддаҳои химиявии канакуш қоидаҳои бехатариро бояд риоя кард (истифодаи респиратор, айнаки муҳофиз, дастпӯшак, либоси кории махсус ва ғ.).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …