Главная / Теги: Тиб (страница 35)

Теги: Тиб

ҚАЙИ ШИРХОРА

kayi-shirkhora

ҚАЙИ ШИРХОРА, ҳолатест, ки дар моҳҳои аввали ҳаёти кӯдак, одатан, дарҳол баъди синамаконӣ, баъзан 2 – 3 соат баъд аз он мушоҳида мешавад. Қ. ш.-ро аз қай фарқ бояд кард. Дар аснои Қ. ш. аҳволи кӯдак тағйир намеёбад, ӯ ором ва хушҳол аст. Қ. ш. номаълум мегузарад, дар ин маврид …

Муфассал »

ҚАЛАМФУР

kalamfur

ҚАЛАМФУР (Capsicum annuum), қаланфур, қаламфул, занҷабил, гиёҳест бисёрсола (дар шароити киштукор яксола). То 1 м қад мекашад. Пояаш рости сершох, баргаш байзашакл ё нештаршакли думчадор. Гулаш сафед, зард ё бунафш. Ҳосилаш сертухми бештар сурх, зард, норанҷӣ, бунафши сиёҳтоб. Қ. дар ноҳияҳои тропикии Америка худрӯй аст. Қ.-ро то милод ҳам парвариш …

Муфассал »

ҚАМАРДИНОВ Хушқадам Қурбонович

nophoto-man

ҚАМАРДИНОВ Хушқадам Қурбонович (тав. 26. 5. 1933, деҳаи Ишкошими ВМКБ), духтури бемориҳои сироятӣ, доктори илми тиб (1985), проф. (1986), Аълочии нигаҳдории тандурустии ИҶШС (1968), Аълочии неруҳои сарҳадии ИҶШС (дараҷаи I ва II), Духтури шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), барандаи Ҷоизаи ба номи Е.Н. Павловскийи АИ ҶТ (2009). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ …

Муфассал »

ҚАНД

kand

ҚАНД, ғизои маъмули ширин. Таркиби химиявии Қ. якхела буда, 99,75 фоиз сахароза иборат аст. Қ. зудҳазм буда, организмро бо карбогидратҳо таъмин мекунад. Қ.-ро аз найшакар ё лаблабуи қанд мегиранд. Солҳои охир олимони як қатор мамлакатҳо афзоиши баъзе бемориҳо, аз ҷумла амрози дилу раг ва кариеси дандонро ба истеъмоли барзиёди Қ. …

Муфассал »

ҚАРАНФУЛ

karanful

ҚАРАНФУЛ (Syrygium aromaticum), мехак, қаранфур, қаранфули гардан, дарахтест ҳамешасабз; як навъ хушбӯиро гӯянд, ки аз ғунчаи хушконидаи гулҳои Қ. ҳосил мекунанд. Баргаш дурушти чармгун, гулаш майдаи чорбаргаи сафед, гулобӣ ё сурх. Хӯшагулаш чатршакл. Мевааш арғувонӣ, яктухма, ба ангури сагак монанд аст. Ватани Қ. ҷаз-ҳои Молукка маҳсуб мешавад. Онро дар бисёр …

Муфассал »

ҚАРАТОБОН

karatobon

ҚАРАТОБОН, чашмаи минералӣ. Дар нишебии ҷан. қ.-кӯҳи Ҳисор, 15 км шарқтари деҳаи Зиддӣ ҷойгир шудааст. Баландиаш аз с. б. 2050 м. Дебиташ – 0,6 л/сон., ҳарор. обаш 900С, минералнокиаш – 3,6 г/л. Таркиби оби чашма аз кислотаҳои силикат, метаборат, манган, никел, кобалт, мис, руҳ, литий, гази карбонат (90,6%), нитроген (7,8%), …

Муфассал »

ҚАРНИЯ

karniya

ҚАРНИЯ, қисми пеши пардаи берунии чашм, ки шаффоф аст. Қ. чашмро аз иллатёбӣ ва гарду чанг ҳифз мекунад. Қ. аз 5 қабат иборат аст: 1) эпителияи пеш; 2) ғишои асосии пеш ё пардаи Боумен; 3) моддаҳои хоси Қ. ё танаи бофтаи пайвандӣ; 4) ғишои ақиб ё дессемет (қабати дохилии марзии …

Муфассал »

ҚАРОБОДИН

zakoi

ҚАРОБОДИН, ақрободин, ақрабодин, ақрабозин, қаробозин, дар истилоҳи тиб як қисм аз илми дорушиносист, ки қонуну қоида, тариқаи таҳия, анвоъ ва барои кадом бемориҳо ба кор бурдани доруҳои мураккабро меомӯзад. Ҳамчунин китобҳоеро, ки оид ба ин соҳа таълиф шудаанд, Қ. меноманд. Қ. муарраби юнонии «graphidion» буда, маънои лафзияш «рисолаи мухтасар» аст. …

Муфассал »

«ҚАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ»

kabir

«ҚАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ», дастуруламали илмиест доир ба тиб. Муаллифи китоб Муҳаммад Акмалхон (тав. номаълум; ваф. – тақр. 1907) илми тибро аз бобояш Ҳаким Муҳаммади Аъзамхони Ромпурӣ (ваф. 1902) омӯхтааст. Азбаски ба ин асар қисме (693 номгӯи бемориҳо ва табобати онҳо) аз «Қарободини Аъзам» дохил аст, китоб номи худи муаллиф …

Муфассал »

«ҚАРОБОДИНИ БАҚОӣ»

bakoi

«ҚАРОБОДИНИ БАҚОӣ», асари ҳаким Муҳаммад ибни Исмоили Деҳлавӣ, машҳур ба Бақохон. Иборат аз ду ҷилд буда, ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Китоб дар бораи хосияти доруҳои мураккаб ва истифодаи онҳо баҳс мекунад. Ад.: Абдулҳай ал-Ҳисанӣ, «ас-Сақофату-л-исломия фӣ-л-Ҳинд, Димишқ, 1983. С. Шаҳобуддинов.

Муфассал »