Главная / Илм / ҚАРАНФУЛ

ҚАРАНФУЛ

karanfulҚАРАНФУЛ (Syrygium aromaticum), мехак, қаранфур, қаранфули гардан, дарахтест ҳамешасабз; як навъ хушбӯиро гӯянд, ки аз ғунчаи хушконидаи гулҳои Қ. ҳосил мекунанд. Баргаш дурушти чармгун, гулаш майдаи чорбаргаи сафед, гулобӣ ё сурх. Хӯшагулаш чатршакл. Мевааш арғувонӣ, яктухма, ба ангури сагак монанд аст. Ватани Қ. ҷаз-ҳои Молукка маҳсуб мешавад. Онро дар бисёр мамлакатҳои тропикӣ мепарваранд.
Қ.-ро дар қаннодӣ, саноати консерв, тамоку, атриёт кор мефармоянд. Аз хусусиятҳои шифобахшии Қ. Буқрот (Гиппократ), Закариёи Розӣ, Мувафаққудин Абӯмансур Алии Ҳиравӣ, Абӯҳанифаи Диноварӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалии Сино ва диг. хабар додаанд. Бино ба маълумоти Ибни Сино истеъмоли Қ. қувваи босираро зиёд мекунад, ба ҷигар ва меъда тақвият мебахшад, қайро бозмедорад, даҳонро хушбӯй мегардонад. Ҳама узвҳои Қ. равғани эфир (то 18  дорад, ки 96% аз эвганол иборат аст. Дар Хитой равғани эфири Қ.-ро барои табобати амрози пӯст истифода мебаранд. Қ. аз қадимулайём чун давои таскинбахши дарди дандон ва хушбӯии нафас маъмул аст. Агар онро бихоянд, милки дандонҳоро мустаҳкам менамояд. Табибони халқӣ бо ҷӯшоби Қ. бемориҳои чашмро даво месозанд. Маҳин ос карда чун сурма ба чашм кашидани Қ. биноиро тақвият мебахшад, сурхӣ ва пардаи афтодаеро, ки чашмро торик месозад, дафъ мекунад. Агар Қ.-ро бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад, оруғ ва ҳиккакро таскин медиҳад, бодҳои ғализи аз ғизоҳои бадҳазм пайдошударо таҳлил медиҳад, чакмезак ва беихиёр равон шудани пешобро ба сомон меорад.
Ба ақидаи табибони халқӣ агар Қ.-ро бихӯранд, рӯҳҳои нафсонӣ, ҳайвонӣ ва табииро қувват мебахшад, узвҳои раиса (дил, майна, ҷигар, меъда, гурда ва ғ.)-ро мустаҳкам мекунад, гиреҳҳои мағзи сарро мекушояд, сурфаи тар, зиқи нафас, дилтапакро шифо медиҳад. Агар 1,75 г онро кӯфта, бо шири навдӯшида ҳар рӯз бихӯранд, боҳро бағоят ба ҳаракат меоварад. Хӯрдани Қ. ба гурда ва рӯдаҳо зарар дорад.
Ад.: Скляровский Л. Я., Целебное свойства пищевых растений, М., 1972; Жизнь растений, т. 5, ч.2, М., 1981; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …