Главная / Теги: Тиб (страница 34)

Теги: Тиб

ЛЮМБАГО

lyumbago

ЛЮМБАГО (лот. lumbus – камар, миён), дарди сахти ногаҳонии миён, ки дар натиҷаи он мушакҳои камар таранг шуда, бемор наметавонад қоматашро рост нигоҳ дорад. Сабаби Л. асосан остеохондрози қурси байни мӯҳраҳои миён аст. Ниг. низ Камардард.

Муфассал »

ЛЯМБЛИОЗ

liamblioz

ЛЯМБЛИОЗ (Lambliasiasis), як навъ бемории узвҳои ҳозима, ки ламблияҳо (Lamblia intestinalis) ба вуҷуд меоранд. Лямблияҳо дар рӯдаи борик сукунат доранд. Ду шакли лямблияҳо мавҷуд аст: ҳаракатнок (дар шакли вегетативӣ) ва беҳаракат (дар шакли систа). Ламблияи ҳаракатнок 4 ҷуфт камчинак ва қурси ҷаббанда дорад, ки тавассути он ба луобпардаи рӯдаи борик …

Муфассал »

ҚАБЗ

kabz

ҚАБЗ (Spasmus), спазм, ғайрихтиёр кашиш хӯрдани мушакҳои кӯндаланграх ё суфта. Падидаҳои возеҳе, ки дар асоси онҳо Қ. аз шаклҳои гуногуни ташаннуҷ (ихтилоҷ, рагкашӣ) фарқ карда шавад, вуҷуд надоранд. Вобаста ба манбаи иллат Қ. мумкин аст мушакҳои алоҳидаро фаро гирад, мас., Қ.-и мушакҳои як қисми гардан (ниг. Каҷгарданӣ), пилки чашм (ниг. …

Муфассал »

ҚАБЗИ ПЕШОБ

kabzi-peshob

ҚАБЗИ ПЕШОБ (Retensio urinae), наомадани пешоб. Қ. п. аз сабаби бемориҳои гуногуни узвҳои шошаю таносул, ки дар ин ҳолат сӯрохии найи пешоброн пурра ё қисман баста мешавад (омос, аденомаи ғадуди простата, бемории санги пешоб ва ғ.), ба вуҷуд меояд. Он мумкин аст дар натиҷаи иллати асабҳои марказӣ, инчунин дар аснои …

Муфассал »

ҚАБЗИЯТ

meda

ҚАБЗИЯТ (Constipatio alvi), сахт шудани меъда, зиёда аз ду шаборӯз хориҷ нагаштани наҷосат ё бо душворӣ қазои ҳоҷат кардан. Қ. ҳолати хеле маъмул аст. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар мамлакатҳои мутараққӣ аз 5 то 10 фоизи аҳолӣ ба Қ. гирифторанд. Қ. мумкин аст дар одами солим ҳам рӯй диҳад, мас., ҳангоми …

Муфассал »

ҚАБУРҒА

kaburga

ҚАБУРҒА, устухонҳои ҷуфту камоншакле, ки бо сутунмӯҳра пайванданд. Қ. ва тӯш дар хазандаҳо, паррандаҳо, ширхӯрон ва одам қафаси синаро ташкил медиҳанд. Дар ҳайвонот Қ. болоию поёнӣ мешавад. Қ.-ҳо узвҳои дарунро ҳифз мекунанд. Одам 12 – ҷуфт Қ. дорад: Ҳафт ҷуфт Қ.-и боло (1 – 7) Қ.-ҳои ҳақиқӣ ном доранд. Қ.-ҳои …

Муфассал »

ҚАДКАШАК

kadkashak

ҚАДКАШАК (Regio inguinalis), каши рон; аз боло бо хатти пайванди нӯги устухонҳои тиҳигоҳ, аз поён – бо чини қадкашак, аз дарун – бо канори берунии мушаки рости шикам ҳамҳудуд аст. Пӯcти Қ. тунук буда, дар мавзеи рон чини қадкашакро ба вуҷуд меорад. Дар Қ. артерия, венаҳо ва ғуддаҳои лимфавии фавқи …

Муфассал »

ҚАДКАШИИ ОДАМ

kadkashii-odam

ҚАДКАШИИ ОДАМ, калон шудани ҷасомади умумии организм ё бофтаю узвҳои ҷудогонаи он. Рушд (инкишоф) хосияти материяи зинда буда, бештар ба организми ҷавон хос аст. Вале ҳама гуна калоншавии ҷасомади бадан қадкашӣ маҳсуб намешавад. Мас., ғуншавии чарб боиси калон шудани ҷусса гардад ҳам, вале рушди организм нест. Меъёри рушд қад, вазн …

Муфассал »

ҚАДУ ҚОМАТ

kadu-komat

ҚАДУ ҚОМАТ, вазъи муқаррарии ҷуссаи одам дар ҳолати оромӣ ва ҳангоми ҳаракат; аз давраи кӯдакӣ дар рафти сабзишу инкишоф ва тарбия ташаккул меёбад. Қ. қ.-и дуруст пайкари одамро зебо мегардонад, ба фаъолияти мӯътадили узвҳои ҳаракат ва тамоми организм мусоидат мекунад. Агар Қ. қ. дуруст бошад, хамии табиии сутунмӯҳра мӯътадил буда, …

Муфассал »

ҚАЙ

kay

ҚАЙ, истифроғ, ҳолати ногуворест, ки дар натиҷаи ангезиш ё иллати меъда, инчунин аз иллати диг. узвҳои дарунӣ, асабҳои марказӣ ва канорӣ ба вуҷуд меояд. Қ.-и гематогению заҳрогин ва Қ.-и занҳои ҳомила низ вуҷуд дорад. Қ. аксар вақт таассури муҳофизию мутобиқатии организм ба ангезиши луобпардаи меъда мебошад. Ангезиши луобпардаи меъда ба …

Муфассал »