Главная / Илм / ҚАНД

ҚАНД

kandҚАНД, ғизои маъмули ширин. Таркиби химиявии Қ. якхела буда, 99,75 фоиз сахароза иборат аст. Қ. зудҳазм буда, организмро бо карбогидратҳо таъмин мекунад.
Қ.-ро аз найшакар ё лаблабуи қанд мегиранд. Солҳои охир олимони як қатор мамлакатҳо афзоиши баъзе бемориҳо, аз ҷумла амрози дилу раг ва кариеси дандонро ба истеъмоли барзиёди Қ. вобаста медонанд. Аз ин сабаб бо диг. ғизоҳо иваз намудани Қ. ё дар вояи хӯрок кам кардани миқдори он тавсия дода мешавад.
Дар ҳақиқат, истеъмоли Қ. дар мамлакатҳои мутараққӣ дар сад соли охир борҳо афзудааст. С-ҳои 70 а. 20 миқдори он ба ҳар сари аҳолӣ андаряк рӯзе 110 – 140 гиромро ташкил медод. Агарчи Қ. манбаи муҳими глюкоза буда, барои кори мағзи сар, мушакҳо ва диг. узвҳо зарур аст, тавсияи олимон оид ба кам кардани истеъмоли он асос дорад. Қ. пеш аз ҳама мансуби хӯроквориҳо буда, калорияи он ба арзиши ғизоӣ мувофиқ нест. Агар одам Қ.-ро бисёр истеъмол кунад, дар вояи хӯрок миқдори сафедаҳо, витаминҳо, моддаҳои минералӣ кам мешавад. Зиёд будани калорияи Қ. (ҳангоми барзиёд истеъмол кардани он) боиси ихтилоли мубодилаи равған, фарбеҳӣ, зиёд гаштани холестерини хун мегардад. Дар натиҷаи истеъмоли якбораи миқдори зиёди Қ. глюкозаи хун афзуда, гормони ғадуди зери меъда – инсулин бисёр хориҷ мешавад. Ин ҳолат ба ғуншавии глюкоза дар намуди гликоген дар ҷигар, мушакҳо ва қисман ба равған табдил ёфтани он мусоидат менамояд. Дар натиҷа ғилзат (консентратсия)-и Қ. дар хун кам шуда, одамро эҳсоси гуруснагӣ фаро мегирад. Чунин таъсири Қ. фиреби ҳис аст, зеро он боиси пурхӯрӣ ва фарбеҳии одам мегардад. Ғайр аз ин, мунтазам ва барзиёд истеъмол кардани Қ. кори ғадуди зери меъдаро вазнин карда, сабаби инкишофи диабети қандӣ мешавад. Аз ин рӯ, ҳатто ба одамони солиме, ки бо кори ҷисмонӣ ва спорт машғул нестанд, рӯзе на зиёдтар аз 50 – 100 г истеъмол кардани Қ. мувофиқи мақсад аст (ба ин маҳсулоти ширин, таом, конфет, маҳсулоти қаннодӣ, мураббо, ҷем, компот ва ғ. низ дохил мешавад). Ғайр аз ин, истеъмоли Қ.-ро кам карда, бидуни маслиҳати духтур онро бо сахарин, ксилит, сорбит, фруктоза иваз намудан ҷоиз нест, зеро истифодаи мунтазами онҳо барои саломатӣ зарар дорад.
Дар айни ҳол истеъмоли миқдори нисбатан зиёди Қ. барои одамоне, ки ба кори вазнини ҷисмонӣ машғуланд, махсусан барои варзишгарон (рӯзе зиёда аз 100 г), комилан дуруст аст. Бо рафти синну сол истеъмоли Қ.-ро кам кардан лозим.
Қ. хосияти дар организм нигоҳ доштани обро дорад, бинобар ин миқдори он дар ғизои муолиҷавӣ бояд мӯътадил бошад, хоса ҳангоми варам кардани аъзо.
Дар мавриди баъзе бемориҳо (диабети қандӣ, фарбеҳӣ) истеъмоли Қ. бояд хеле кам ё комилан қатъ карда шавад. Дар ин сурат чун ширинӣ аз ивазкунандаҳои Қ., хусусан сорбит ва ксилит, истифода мебаранд; сахаринро фақат дар истеҳсоли машрубот ва маҳсулоти қаннодие, ки барои беморони гирифтори диабети қанд таъин шудаанд, кор мефармоянд. Ширинии сорбит аз ширинии Қ. ду маротиба камтар аст. Сорбит барои беморони диабети қанд ва фарбеҳ тавсия шудааст. Ксилитро низ ба чунин беморон тавсия мекунанд; он аз Қ. ду маротиба ширинтар ва нисбат ба сорбит хуштаъмтар аст. Ғайр аз ин, ксилит талхарон ва исҳоловар низ мебошад.
Ниг. низ Ксилит, Сорбит, Фруктоза.
Миқдори тақрибии қанд дар баъзе ғизоҳо
Маҳсулот Воҳиди ченак Вазн,
бо г Миқдори қанд,
бо г
Шакар 1 қошуқча 9 9
Рафинад 1 дона 7 7
Повидло 1 қошуқча 15 10
Мураббо 1 қошуқча 15 11
Пирожнӣ 1 дона 75 34
Пичинӣ 1 қуттича 185 50
Яхмос 1 баста 75 12
Компот 1 истакон 175 39
Афшураи мева 1 истакон 175 26
Оби мева 1 истакон 175 16

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …