Главная / Илм / ҚАРНИЯ

ҚАРНИЯ

karniyaҚАРНИЯ, қисми пеши пардаи берунии чашм, ки шаффоф аст. Қ. чашмро аз иллатёбӣ ва гарду чанг ҳифз мекунад. Қ. аз 5 қабат иборат аст: 1) эпителияи пеш; 2) ғишои асосии пеш ё пардаи Боумен; 3) моддаҳои хоси Қ. ё танаи бофтаи пайвандӣ; 4) ғишои ақиб ё дессемет (қабати дохилии марзии Қ); 5) эндотелияи дессемет. Эпителияи Қ. серқабат аст (дар одам 8 – 10 қабат; ғафсии умумиашон то 50 мкм); он бо мембранаи чандир фаро гирифта шудааст. Мембрана ба моддаҳои хоси Қ., ки аз торҳои коллагенӣ ташкил ёфтаанд, мегузарад; моддаҳои байниҳуҷайравии ин қабат аз мукополисахаридҳо, хондроитинсулфат, хондроитин ва сератосулфат иборат мебошанд. Дараҷаи шаффофии Қ. ба тартиби молекулаҳои қисми беҳуҷайравӣ моддаҳои асосӣ ва дараҷаи камобии онҳо вобаста аст. Бофтаҳои Қ. раги хун надоранд. Қ.-и одам аз 70 – 80 танаи асабҳои радиалӣ иборат аст. Ба бемориҳои Қ. бленнорея, сератит, стафилома ва ғ. мансубанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …