Главная / Илм / ҚАМАРДИНОВ Хушқадам Қурбонович

ҚАМАРДИНОВ Хушқадам Қурбонович

nophoto-manҚАМАРДИНОВ Хушқадам Қурбонович (тав. 26. 5. 1933, деҳаи Ишкошими ВМКБ), духтури бемориҳои сироятӣ, доктори илми тиб (1985), проф. (1986), Аълочии нигаҳдории тандурустии ИҶШС (1968), Аълочии неруҳои сарҳадии ИҶШС (дараҷаи I ва II), Духтури шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), барандаи Ҷоизаи ба номи Е.Н. Павловскийи АИ ҶТ (2009). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1958). Сардухтур, ҷон. сардухтури Беморхонаи марказии ноҳ. Ишкошим (1958 – 60), ассистент (1964 – 78), дотсент (1978 – 80), мудир (1980 – 2008) ва проф. кафедраи бемориҳои сироятии ДДТТ (аз с. 2008). Муаллифи беш аз 300 асару мақолаи илмӣ оиди паразитология, ҳамчунин паҳншавӣ, ҷараён ва роҳҳои муолиҷаи бемориҳои сироятӣ мебошад (мас., таби хунрези осиёимиёнагӣ, сӯхтанӣ, вараҷа, лептоспироз, брутселлёз, гулӯзиндонак, ботулизм, исҳоли хунин ва ғ.). Саҳми Қ. хоса дар омӯзиш ва баррасии бемории фастсиоллёз калон аст. Муаллифи 18 тавсияномаи методӣ ва 9 навоварист. Солҳост, ки мушовир оид ба бемориҳои сироятии Раёсати тандурустии вил. Хатлон ва минтақаи Кӯлоб мебошад. Зери роҳбарии ӯ 1 наф. рисолаи докторӣ ва 3 наф. рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Дар ташхис ва пешгирии бемории лептоспироз дар ноҳ. Балҷувон (1993) ва дар пешгирии эпидемияи домана дар ш. Кӯлобу навоҳии атрофи он (1996) саҳми арзанда гузошт. Дар бартараф сохтани хавфи эпидемияи вабо дар ноҳ. Фархор низ фаъолона ширкат варзидааст (1995). Дар мавзӯи «Ҷараёни грипп ва оризаҳои он вобаста ба хусусияти микрофлораи пайдокарда» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Фастсиоллёзи одам дар Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Қ. яке аз муаллифони ду Барномаи миллии ҶТ мебошад (1997, 2000). Бо ташаббуси ӯ дар назди Беморхонаи касалиҳои сироятӣ Маркази паразитологӣ оид ба омӯзиши клиника, ташхис ва муолиҷаи фастсиоллёз, вараҷа, лейшманиоз, гелминтозҳо таъсис ёфтааст. Раиси Ҷамъияти илмии духтурони бемориҳои сироятии Тоҷикистон (аз с. 1981), сармутахассиси Вазорати тандурустии ҶТ (1985 – 2008). Бо медали «Ветерани меҳнат» мукофотонида шудааст.
Ос.: Клинико-эпидемиологическая характеристика фасциоллёза, Д., 1983; Бемориҳои сироятӣ (китоби дарсӣ), Д., 2000; Квалификационные тесты по маляриологии, Д., 2002; Фасциоллёз человека, Д., 2003; Тропические и паразитарные болезни человека, Д., 2003; Инфекционные болезни человека (китоби дарсӣ), Д., 2005; Тропическая малярия в Таджикистане, Д., 2006; Клиника опасных инфекционных болезней, Д., 2007; Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …