Главная / Илм / «ҚАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ»

«ҚАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ»

kabir«ҚАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ», дастуруламали илмиест доир ба тиб. Муаллифи китоб Муҳаммад Акмалхон (тав. номаълум; ваф. – тақр. 1907) илми тибро аз бобояш Ҳаким Муҳаммади Аъзамхони Ромпурӣ (ваф. 1902) омӯхтааст. Азбаски ба ин асар қисме (693 номгӯи бемориҳо ва табобати онҳо) аз «Қарободини Аъзам» дохил аст, китоб номи худи муаллиф ва бобои ӯро гирифтааст. «Қ.» ҳаҷман калон буда, ба забони адабии фасеҳи тоҷикӣ таълиф шудааст. Дар он роҷеъ ба муолиҷаи бемориҳои сар, сина, шикам, узвҳои даруни кос, аъзои таносул ва пойҳо сухан меравад. Номи давоҳо бо тартиби алифбои форсӣ навишта шудаанд. Давои ҳар як беморӣ аз ҷиҳати навъ ба фаслҳо қисмат шудааст. Чунончи, фасли аввали боби якум ба иёраҷот (доруҳои амрози мағзи сар), фасли дуюм ба итрифалот (доруе, ки аз балила, ҳалила ва омула иборат аст), фасли сеюм ба нӯшдоруҳо, чорум ба инкибоб (компрессҳои гарм), панҷум ба обзанҳо оиданд. Ба ҳар як иллат миқдори зиёди давоҳо тавсия шудааст. Дар «Қ.» ҳамагӣ дар бораи 5607 доруи мураккаб, ки ҳар яке барои муолиҷаи 10 – 15 беморӣ таъин шудааст, маълумот вуҷуд дорад.
К. с. 1327 ҳиҷрии қамарӣ (с. 1908) дар Деҳлӣ ба табъ расидааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …