Главная / Илм / ҚАЛАМФУР

ҚАЛАМФУР

kalamfurҚАЛАМФУР (Capsicum annuum), қаланфур, қаламфул, занҷабил, гиёҳест бисёрсола (дар шароити киштукор яксола). То 1 м қад мекашад. Пояаш рости сершох, баргаш байзашакл ё нештаршакли думчадор. Гулаш сафед, зард ё бунафш. Ҳосилаш сертухми бештар сурх, зард, норанҷӣ, бунафши сиёҳтоб.
Қ. дар ноҳияҳои тропикии Америка худрӯй аст. Қ.-ро то милод ҳам парвариш мекарданд. С. 1943 Колумб онро ба Испания овард ва зуд дар Европа маъмул гашт. А. 16 Қ.-ро дар дорухонаҳои Европа чун доруӣ мефурӯхтанд.
Қ. чун хӯриш маъмул аст. Онро барои очоронидан ва консерв фаровон истифода мебаранд, ба таом меандозанд. Тундии Қ. ба алкалоиди капсансин вобастагӣ дорад. Дар таркиби Қ. витамини С, каротин (провитамини А), инчунин витаминҳои Р, В1, В2, қанд, сафеда ва ғ. мавҷуданд.
Қ. гиёҳи доруист. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино Қ. давои иштиҳоовар, пешоброн буда, кори дилу меъдаро тақвият мебахшад, оруғ ва дамиши шикамро рафъ менамояд. Бо ақидаи муаллифи «Муҳити Аъзам» Муҳаммад Аъзамхон (а. 19) Қ. ҳазмкунандаи таом буда, рутубати димоғу меъдаро мебарад, бодро меронад, барои назла ва сурфа муфид аст. Табибони қадим истеъмоли Қ.-ро барои бемориҳои меъдаву рӯда, ҷигар ва гурда зараровар ҳисобидаанд.
Табибони халқӣ Қ.-ро ба сифати давои арақовар ва иштиҳокушо кор мефармоянд. Қ.-и тару тозаро ба хасмол, думбал ва ҷои дардманди мушакҳо мебанданд. Дар мавриди набудани Қ.-и тар хушки онро кӯфта, бо оби гарм меомезанд ва ба ҷойҳои дардманди буғумҳо мемоланд.
Дар тибби муосир қиёми спиртии Қ. барои беҳтар сохтани фаъолияти узвҳои ҳозима ва чун доруи иштиҳоовар тавсия дода мешавад. Аз Қ.-и сурх нақеъ, линимент, капсин, капситрин ва пластир тайёр мекунанд, ки ҳангоми невралгия, радикулит, миозит, люмбоишиалгия, дарди банду буғумҳо ба кор мераванд. Қ.-и ширинро барои муолиҷаи камхунӣ, зангила, бемадорӣ, авитаминоз, кушодани иштиҳо ва ҳазми хӯрок кор мефармоянд.
Ашхосе, ки бемории бавосир доранд, бояд аз истеъмоли Қ. худдорӣ намоянд, зеро он мумкин аст боиси сӯзиши мақъад ва хуншорӣ гардад. Истеъмоли Қ.-и тунд дар мавриди бемориҳои меъда, рӯда, хусусан захми меъда, амрози ҷигар (сирроз, гепатитҳои шадид ва музмин) ва гурда (нефрит ва нефрозҳои шадид ва музмин) низ зиён дорад.
Ад.: Ҳикмати асрҳо, Д., 1975; Скляревский Л. Я., Целебные свойства пищевых растений, М., 1972; Гаммерман А. Ф. (ва диг.), Лекарственные растения (Растения-целители), М., 1975; Культурные растения, М., 1978; Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …