Главная / Илм / ҚАЙИ ШИРХОРА

ҚАЙИ ШИРХОРА

kayi-shirkhoraҚАЙИ ШИРХОРА, ҳолатест, ки дар моҳҳои аввали ҳаёти кӯдак, одатан, дарҳол баъди синамаконӣ, баъзан 2 – 3 соат баъд аз он мушоҳида мешавад.
Қ. ш.-ро аз қай фарқ бояд кард. Дар аснои Қ. ш. аҳволи кӯдак тағйир намеёбад, ӯ ором ва хушҳол аст. Қ. ш. номаълум мегузарад, дар ин маврид кӯдак гӯё ширро аз даҳон ихроҷ мекунад. Шири ихроҷшуда бар хилофи моддаи қай ранги зард ё бӯи нофорам надорад.
Сабаби Қ.ш. барзиёд макондани кӯдакон аст. Агар кӯдак синаро бисёр макад, пас бо духтур маслиҳат карда, ӯро кам шир медиҳанд ё фосилаи байни синамакониро дароз мекунанд. Дар мавриди макондан ҳаворо фурӯ бардани кӯдакон низ боиси қай мешавад (ниг. Аэрофагия). Чунин ҳолат дар кӯдаконе, ки зуд ва ҳарисона сина мемаканд, инчунин дар аснои зиёд будани миқдори шири модар рӯй медиҳад. Дар ин сурат барои пешгирии қай кӯдакро баъди синамаконӣ дарҳол ба кат намехобонанд, зеро ҳавои фурӯбурда ширро берун мекунад. Баъди макондан кӯдакро каме рост доштан лозим аст. Дар ин вазъ ӯ оруғ медиҳад ва андаке шир қай мекунад. Пас аз ин кӯдакро ба кат якпаҳлӯ мехобонанд; ӯро баъди макондан дарҳол парпеч набояд кард.
Гоҳ-гоҳ шир қай кардани кӯдак зиён надорад. Вале агар он зуд-зуд рух намояд, инро аломати беморӣ бояд донист.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …