Главная / Илм / ҚАРАТОБОН

ҚАРАТОБОН

karatobonҚАРАТОБОН, чашмаи минералӣ. Дар нишебии ҷан. қ.-кӯҳи Ҳисор, 15 км шарқтари деҳаи Зиддӣ ҷойгир шудааст. Баландиаш аз с. б. 2050 м. Дебиташ – 0,6 л/сон., ҳарор. обаш 900С, минералнокиаш – 3,6 г/л. Таркиби оби чашма аз кислотаҳои силикат, метаборат, манган, никел, кобалт, мис, руҳ, литий, гази карбонат (90,6%), нитроген (7,8%), оксиген (1,6%) иборат аст; хусусан миқдори оҳан (2 мг/л) зиёд аст (он ҳангоми ба рӯи замин баромадани оби чашма қисман таҳшон мешавад). Ҳамчун оби ошомиданӣ ва барои қабули обзан (ванна) тавсия шудааст.
Ад.: Чуршина Н. М., Минеральные воды Таджикистана, Д., 1992.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …