Главная / Илм / ҚАРОБОДИН

ҚАРОБОДИН

zakoiҚАРОБОДИН, ақрободин, ақрабодин, ақрабозин, қаробозин, дар истилоҳи тиб як қисм аз илми дорушиносист, ки қонуну қоида, тариқаи таҳия, анвоъ ва барои кадом бемориҳо ба кор бурдани доруҳои мураккабро меомӯзад. Ҳамчунин китобҳоеро, ки оид ба ин соҳа таълиф шудаанд, Қ. меноманд. Қ. муарраби юнонии «graphidion» буда, маънои лафзияш «рисолаи мухтасар» аст. Ин лафз аз тариқи забони суриёнӣ ба забонҳои арабӣ ва форсӣ интиқол ёфта, маъмул гаштааст. Мафҳуми Қ. дар тибби имрӯза бо ду истилоҳ ифода ёфтааст: «Pharmaсopea» ва «Formulairea». Аввалин Қ.-е, ки дар шарқи исломӣ ба забони арабӣ таълиф шудааст, Қ.-и табиби эронӣ Собур ибни Саҳли Гундишопурӣ (ваф. 869) мебошад. Минбаъд Қ.-ҳои зиёде ба забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ таълиф шудаанд, мас., Қ.-и ибни Тилмиз (ваф. 1165), Қ.-и Бадриддини Қалонасӣ (ваф. 1194), Қ.-и Наҷибуддини Самарқандӣ (ваф. 1222), Қ.-и Муҳаммадакбари Деҳлавӣ(ваф. 1718), Қ.-и кабири Муҳаммадҳусайни Муршидободӣ, Қ.-и аъзами Муҳаммадаъзами Ромпурӣ (ваф. 1902) ва ғ.
Ад.: «Абҳосу-н-надвати-л-оламияти-л-уло ли таърихи-л-улум инда-л-араб», ҷ. 1, Ҳалаб, 1977.

С. Шаҳобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …