Главная / Илм / МӯҲСИНОВ Муҳиддин Эргашевич

МӯҲСИНОВ Муҳиддин Эргашевич

nophotoМӯҲСИНОВ Муҳиддин Эргашевич (19. 09. 1939, ш. Хуҷанд – 09. 12. 2001, Туркия), стоматолог, доктори илми тиб (1990). Хатмкардаи фак-ти стоматологияи Донишкадаи давлатии тиббии Озарбойҷон ба номи Н.Наримонов (1963). Ординатори клиникии ҳамин донишкада (1963 – 65), ассистенти кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1965 – 72), аспиранти Донишкадаи тиббии 1-уми Москва (1972 – 75), ассистенти кафедраи ҷарроҳии госпиталӣ (1975 – 84), мудири кафедраи стоматологияи ҷарроҳии ДДТТ (1994 – 96). Аз с. 1996 муқими Давлати Туркия буд.
Тадқиқоти М. асосан ба масъалаи такмили ташхис ва ҷарроҳии бемориҳои римдору илтиҳобии ҷоғу рӯй бахшида шудаанд. Муаллифи 100 китобу мақолаҳои илмӣ ва 16 пешниҳоди навоварона.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …