Главная / Илм / МӯРД

МӯРД

murdМӯРД (Myrtus communis), растаниест ҳамешасабз. Баргҳои муқобили ҳамдигар ҷойгиршуда, гули аксар тоқа дорад. M.-ро аз қадимулайём чун растании ороишӣ кишт мекунанд. Баргу пояаш равғани эфир дорад. Бинобар ин, онро чун хӯриши таом ва дар атриёт истифода мебаранд.
Барг, тухм ва меваи М.-ро дар тибби халқии Ҳиндустон, Арабистон, Осиёи Марказӣ ва мамлакатҳои диг. чун дорувор кор мефармоянд. Ибни Сино марҳами баргу меваи М.-ро барои табобати шикастагии устухон, зарбу лат, омос, захм, ҷӯшоби М.-ро барои табобат аз заҳри мор ва дуди баргу пояашро барои табобати табларза истифода бурдааст. ӯ М.-ро чун воситаи пардоз (барои нест кардани озах, доғи кунҷитак, бӯи нохуши бадан ва ғ.) низ тавсия кардааст. Табибони халқӣ истеъмоли ҷӯшоби барги М.-ро барои табобати бемориҳои меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар ва майна муфид меҳисобанд. Ҷӯшоби М. таъсири антисептикӣ, рӯҳафзо ва пешобронӣ дорад. Бо роҳи тарбандии М. захми пӯст, сӯхтагӣ, амрози гӯш ва чашмро дармон мебахшанд. Нақеъи М.-ро дар мавриди камхунӣ менӯшанд, ҳангоми шикастагии устухонҳо аз он зимод таҳия карда, ба ҷои осебёфта мебанданд. Ҷӯшоби М. сабӯсаки сарро нест ва рехтани мӯйро пешгирӣ мекунад. Ба ақидаи табибони халқӣ оби барги М.-ро дар гӯш чаконанд, дарҳол дардашро дур мекунад, сомеаро қавӣ, омадани римро аз он дафъ мегардонад. Баргашро бӯй кунанд, дилро қавӣ ва иллати дилбозиро рафъ месозад. Хоҳ самарашро ё баргашро дар об ҷӯшонда, он обро бинӯшанд, ҳама навъҳои исҳолро, ки давомнок бошанд, қатъ мекунад. Чун 75 г оби барги онро бо равғани кунҷид биёшоманд, балғамро аз бадан дур менамояд. Самарашро бихӯранд, сӯзиши пешоб, захми хичак, беҷо равон шудани ҳайзи занҳо ва бемаврид омадани рутубатро аз бачадон шифо мебахшад. Барги М.-ро кӯфта ба бавосир гузошта банданд, онро шифо мебахшад ва агар ба хоя гузошта банданд, варами онро мегардонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …