Главная / Илм / «МӯҶАЗУ-Л-ҚОНУН»

«МӯҶАЗУ-Л-ҚОНУН»

muchazu-l-konun«МӯҶАЗУ-Л-ҚОНУН», асари Алоуддин Алӣ ибни Абилҳазми Қурашӣ, маъруф ба Ибни Нафиси Димишқӣ (1200 – 1288). Китоб мухтасари «Ал-Қонун»-и Ибни Сино буда, аз чаҳор фан иборат аст: фанни аввал дар баёни қоидаҳои ҷузъии тиб аз ҷиҳати илмию амалӣ ба таври умум; фанни дуввум дар баёни доруҳо ва ғизоҳои муфрад ва мураккаб; фанни севвум дар баёни бемориҳои хоси ҳар як андом; фанни чаҳорум дар баёни бемориҳое, ки хоси ягон узв нестанд ва сабабу аломатҳо ва тарзи муолиҷаи онҳо. «М.» аз ҷиҳати муҳтаво дар миёни китобҳои тиббии мухтасару муфассал аз ҳама беҳтару мӯътабартар буда, минбаъд бар матни он шарҳҳои зиёде таълиф шудаанд, ки баъзе аз онҳо ба қарори зайл аст: «Ҳаллу-л-Муҷаз» – таълифи Ҷамолиддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Оқсароӣ (ваф. 1369); «Шарҳу-л-Муҷаз» – асари Нафис ибни Ивази Кирмонӣ, ки с. 841 ҳ. дар Самарқанд таълиф кардааст; «Ҳошия бар «Шарҳи нафисӣ» – таълифи Ғарсуддин Аҳмад ибни Иброҳими Ҳалабӣ (ваф. 1563); «Шарҳу-л-Муҷаз» – таълифи Шиҳоб Муҳаммади Иҷиа Булбулӣ; «Шарҳу-с-садидӣ» – таълифи Садидуддини Козарунӣ; «Ал-Муҷаз» – шарҳи бисёр муфассал ва дар ду муҷаллад буда, аз таълифоти раиси табибон Маҳмуд ибни Муҳаммади Амшотӣ (ваф. 1407) мебошад; Шарҳе бо номи «Ал-Муғнӣ» – аз муаллифи номаълум.
Ба ғайр аз ин «М.»-ро Аҳмад ибни Камол ном табиб ба забони туркӣ тарҷима кардааст.
Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 2, Лубнон, 2007.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …