Главная / Илм / ЛАБИРИНТИТ

ЛАБИРИНТИТ

labrintitЛАБИРИНТИТ (Labyrinthitis), илтиҳоби гӯши дарунӣ. Л. шадид ва музмин мешавад. Вобаста ба тарзи роҳ ёфтни микроорганизмҳо ё токсинҳо ба гӯши дарунӣ Л.-ҳои тимпаногенӣ (аз гӯши миёна), менингогенӣ (аз пардаи мағзи сар – ҳангоми сарсом) ва гематогениро фарқ мекунанд. Дар баъзе мавридҳо Л. бинобар осеб низ рух менамояд (ҳангоми шикастани устухони ҷумҷума ба вуҷуд меояд). Вобаста ба тарзи илтиҳоб Л.-ҳои зардобӣ ва римнокро ҷудо мекунанд. Л.-и некрозӣ низ мавҷуд аст. Дар аснои он девораи устухони лабиринт низ осеб мебинад; бештар дар кӯдакон ба мушоҳида мерасад.
Чарх задани сар, дилбеҳузурӣ, қай (аксар вақт ҳангоми тағйир додани мавқеи сар), садои гӯш, калавидан, заъфи сомеа (шунавоӣ) ва ғ. аломатҳои Л. мебошанд. Дар сурати Л.-и маҳдуд аломатҳои мазкур такрор ёфта меистанд.
Л. мумкин аст ба сарсом, арахноидит, думбали мағзча, уфунат ва ғ. табдил ёбад. Маризро бетаъхир дар беморхона бистарӣ кардан лозим аст. Л.-ро одатан бо ҷарроҳӣ дармон мебахшанд. Саривақт табобат намудани отит дар пешгирии Л. аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …