Главная / Илм / ЛАБЛАБУ

ЛАБЛАБУ

lablabuЛАБЛАБУ (Beta vulgaris), растаниест як ё дусола. Бехмеваи сурх, баъзан сафед ё зард дорад. Пояаш рост, баргаш дилшакл ё забоншакл, гулаш майдаи сафед ё сабзча. Л.-ро ҳамчун сабзавот парвариш мекунанд. Дар саноати хӯрокворӣ фаровон истифода мешавад. Аз он қанд мегиранд. Дар таркиби Л. қанд, сафеда, клетчатка, кислотаҳои органикӣ, витаминҳои Е, С, В1, В2, В6, каротин (провитамини А) ва микроэлементҳо мавҷуданд.
Дар тибби қадим Л.-ро ба сифати ғизои қабзияткушо, фасодкаш, исҳоловар ва пешоброн истифода мекарданд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино Л. қабзияти ҷигар ва сипурзро рафъ менамояд. Афшураи он ба ҷараб (калӣ) шифо мебахшад, доғи кунҷидакро меравонад. Баргашро ба ҷойҳои дардманд (пешакӣ бо оби ҷӯши содадор шуста) гузошта мебанданд. Афшураи Л. озахро нест мекунад. Бандинаи аз ҷӯшоби Л. тайёркарда фасоди омосҳоро мекашад. Барги дар об ҷӯшондаи Л. захмҳои сӯхта ва марҳами бо асал омехтаи он шукуфаро шифо мебахшад. Афшураи бо талха омехтаи онро ба бинӣ мечаконанд; он фалаҷи асаби рӯй ва ахми биниро бартараф мекунад. Шираи Л. барои муолиҷаи илтиҳоби гӯш даво аст. Агар бо он сарро шӯянд, сабӯсакро нест мекунад. Дар «Маъзану – л – адвия» омадааст, ки Л. қабзиятро мекушояд, хилти ғафси девораи меъда ва рӯдаро меҷаббад. Истеъмоли Л.-и обпаз қабзияти сипурзро рафъ месозад, фасоди омоси онро ҷаббида мегирад. Л. ҳангоми бемориҳои гурда, масона, бавосир низ муфид аст.
Табибони халқӣ афшураи Л.-ро ҳангоми камхунӣ, зангила, бемадорӣ, илтиҳоби шуш, бронхит, сили шуш, ғалаёни хун ва иллати гурда ба кор мебаранд. Муддати 4 рӯз дар як шабонарӯз 3 – 4 маротиба баъди таом 0,5 – 1,0 истакон ошомидани афшураи Л. фишори хунро ба эътидол меорад. Ҳангоми камхунӣ афшураи бо ҳиссаи баробари асал омехтаи Л. (дар як рӯз 3 – 4 маротиба 0,5 истакон) тавсия дода шудааст. Л.-и обпаз давои исҳоловар ва пешоброн мебошад. Марҳами аз бехмева ё баргу пояи Л. тайёркардаро дар мавриди муолиҷаи ҷароҳатҳо, саромос, ҳафтпӯст ва захмҳои сӯхта кор мефармоянд.
Ба ақидаи табибони халқӣ бо оби Л. ё обе, ки дар он Л. ҷӯшонда шуда бошад, ҳуқна кунанд, моддаҳои сахти даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад, мақъади берун баромадаро ба ҷои аслиаш мебарад. Барги Л.-ро дар об ҷӯшонда дар он об вақти нимгарм шудан батакрор дасту поҳоро андозанд, аз сармо кафидани ин узвҳо дармон меёбанд. Оби барги онро бо муми занбӯри асал даромехта бимоланд, дарди варам ва доғи кунҷидакро дафъ мекунад. Барги хоми Л.-ро кӯфта гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва озахҳоро меравонад, ба ҷойҳои танга-танга мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, дарди буғумҳоро таскин медиҳад.
Дар тибби муосир Л. ба сифати ғизои парҳезӣ васеъ истифода бурда мешавад. Аз решаи Л. атсенол ном модда ҷудо кардаанд, ки барои табобати гастрит ба кор меравад. Атсидол нумуи омосҳоро бозмедорад. Афшураи Л. хусусияти талхаронӣ дошта, ҳангоми бемориҳои ҷигару талхадон муфид аст. Л.-и обпаз давои қабзияти музмин маҳсуб мешавад. Ҳангоми табобати камхунӣ, иллати узвҳои ҳозима ва гурда афшураи Л.-и хом муфид мебошад. Истеъмоли онро дар аснои бемории диабет низ тавсия медиҳанд.
Ад.: Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …