Главная / Теги: Тиб (страница 25)

Теги: Тиб

«МУҲИТИ АЪЗАМ»

azam

«МУҲИТИ АЪЗАМ» («Баҳри кабир»), китоби Муҳаммад Аъзамхон ибни Шоҳаъзамхон оид ба тиб. С. 1879 ба забони форсӣ-тоҷикӣ дар чор ҷилд таълиф шудааст. Ин китоб, ки с. 1896 дар Канпур ба табъ расидааст, 14967 номи давоҳои муфрадаро дарбар мегирад. Муаллиф ба ғайр аз доруҳое, ки тавсифашон дар китобҳои тиббии форсӣ ва …

Муфассал »

“МУҲИТИ ҒИЗОӣ”

khok

«МУҲИТИ ҒИЗОӣ, мабда (субстрат)-и сунъие, ки барои рушду инкишофи микроорганизмҳо моддаҳои зарурӣ дорад. Барои омӯзиши хусусиятҳои микроорганизмҳо (аз ҷумла дар мавриди таҳқиқи бактериаологии бемориҳои сироятӣ), ба даст овардани ваксинаҳо, антибиотикҳо ва ғ. кор мефармоянд. Барои рушду инкишоф микроорганизмҳо бояд аз М. ғ. миқдори зарурии моддаҳои ғизобахшро гиранд. Онҳо ба гидроген, …

Муфассал »

«МУҶАРРАБОТИ АКБАРӣ»

mucharabot

««МУҶАРРАБОТИ АКБАРӣ», асари ҳаким Муҳаммадакбар ибни Муҳаммадмуқими Деҳлавии маъруф ба Арзонӣ (ваф. баъд аз с. 1718). Дар ин китоб муаллиф асосан таҷрибаҳои шахсии худро оид ба тиб, ташхис, табобат ва давоҳо гирд овардааст. Китоб борҳо ба тариқаи сангӣ дар Ҳинд ба чоп расидааст. С. Шаҳобуддинов.

Муфассал »

МУШАКПАРӣ

mushakpari

МУШАКПАРӣ, беихтиёр ва мунтазам кашиш хӯрдани мушакҳои ҷудогона ё гурӯҳи мушакҳо. Бештар мушакҳои рӯй, гардан, даст, баъзан мушакҳои забон ва диафрагма мепаранд. Зуҳуроти М. дар беморон гуногун аст, вале дар як одам, одатан, бетағйир мебошад, яъне доим як мушак (ё мушакҳо) кашиш мехӯрад. Мас., ҳангоми паридани мушакҳои рӯй бемор якбора …

Муфассал »

МУШКАК

mushkak

МУШКАК (Patrinia intermedia), гиёҳест бисёрсола. Аз 20 то 75 см қад мекашад. Тиррешаи бӯри сиёҳтоб дорад. Пояаш сершохча, зарди сабзтоб. Баргаш сахт, хокистарранги сабзтоб; баргҳои бехи поя байзашакли дандонадор, пармонанд, баргҳои пояаш пармонанди нештаршакл. Гулаш зарди зангӯламонанд. Моҳҳои май – июл гул мекунад. Дар шахҳо, нишебиҳои серсангу шағал, регзор, соҳилҳои …

Муфассал »

МУШКБУЯ

mushkbuya

МУШКБУЯ (Psoralea drupaceae), ширмолқурут, гиёҳест бисёрсола. Аз 40 то 200 см қад мекашад. Пояи рости сершох, барги сепарра ё байзашакл, гули бунафш, баъзан нофармон дорад. Июн – авг. гул карда, июл – сент. тухм мебандад. Дар ҷойҳои серсанг, нишебии теппаҳо, баъзан чун алафи бегона дар пахтазор, гандумзор, канори роҳ ва …

Муфассал »

МУШОВАРАГОҲИ ТИББИИ ЗАНОН

zanon

МУШОВАРАГОҲИ ТИББИИ ЗАНОН, сохтори таркибии таваллудхона ё марказии саломатӣ, ки ба аҳолӣ ҳама гуна ёрии амбулатории акушерию гинекологӣ мерасонад. Сиҳату саломат таваллуд кардани занҳои ҳомила ба саривақт аз назорати М. гузаштани онҳо, ба муоинаи мунтазам (дар вақти ҳомилагӣ) вобаста аст. Аз ин рӯ, дар сурати зуҳури аломатҳои аввалини ҳомилагӣ ба …

Муфассал »

МУШОВАРАИ ТИББИЮ ГЕНЕТИКӣ

mushovara

МУШОВАРАИ ТИББИЮ ГЕНЕТИКӣ, яке аз намудҳои умури тиббӣ, ки мақсад аз он пешгирии бемориҳои ирсӣ аст. Вазифаи асосии М. тавассути усулҳои генетикӣ ташхис намудани беморӣ, муқаррар сохтани дараҷаи хавфи ба дунё омадани кӯдаки гирифтори бемории ирсӣ, пешомади саломатии патсиент ва фаҳмондани хулосаи тиббию генетикӣ мебошад. М.-ро, одатан, дар пажӯҳишгоҳҳо, кафедраи …

Муфассал »

МУШОҲИДАИ МОНИТОРӣ

monitor

МУШОҲИДАИ МОНИТОРӣ, усули мушоҳидаи муттасил аз болои нишондодҳои фаъолияти физиологии организм ба тавассути асбобҳои махсус – мониторҳо. М. м. бо мақсади ошкор сохтани ҳолатҳои барои ҳаёти бемор хавфнок ва ноҷӯриҳои фаъолияти физиологие, ки ҳангоми мушоҳидаи муқаррарӣ бартараф намудани онҳо ғайриимкон аст (яъне онҳо ногаҳон ва ба муддати кӯтоҳ ба амал …

Муфассал »

МУШУНГ

mushung

МУШУНГ (Pisum sativum), нахӯди даштӣ, растаниест яксола. Баландиаш то 1 м; пояаш ғафси камшохча, баргаш мураккаб (аз 2 – 3 ҷуфт баргча иборат), гулаш калони одатан ҳарранга, баъзан сафедтоб, ғилофакаш 6 – 8-тухма, тухмаш мудаввари зарди сабзча, сурхтоби холдор. Моҳҳои июн – июл гул ва июл – авг. мева мекунад. …

Муфассал »