ЛАБ

labЛАБ (Labium, labrum), чини атрофи даҳон. Л. аз пӯст ва луобпарда иборат буда, ҷавфи даҳонро иҳота кардааст. Дар байни пӯст ва луобпарда мушаки мудаввари даҳон ва мушакҳои хурди мимикӣ ҷой гирифтаанд. Баландии Л.-и боло, ғафсии Л. ва васеъгии даҳон ба нажод ва халқият алоқаманд буда, вобаста ба синну сол ва ҷинс тағйир меёбад. Л. барои макидан (дар кӯдакон) ва дошта гирифтани хӯрок (дар калонсолон) имкон медиҳад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …