Главная / Илм / МУШХОР

МУШХОР

mushkhorМУШХОР (Arctium tomentosum), парам, патрун, эзорчаспак, гиёҳест дусола. Аз 60 то 150 см қад мекашад. Пояаш сершохи сурхча, баргаш калон, гулаш бунафши сиёҳтоб, мевааш дорчинии хокистарранг ё бӯр. Июн – авг. гул карда, мевааш авг. – сент. мепазад. Дар нишебии теппаҳо, заминҳои партов, боғ, ҷойҳои сернаму соя, қад – қади ҷӯйборҳо, полизҳо, наздикии манзилгоҳ, баъзан дар киштзор мерӯяд. Дар кӯҳҳои Мевағул, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва диг. ноҳияҳои набототӣ вомехӯрад.
Дар тиб решаи М.-ро кор мефармоянд. Онро соли аввал дар охири давраи нашв ё аввали баҳор ҷамъоварӣ мекунанд. Решаҳоро пора карда дар ҷои шамолрас мехушконанд (то 5 сол нигоҳ доштан мумкин).
Дар тибби халқӣ М. барои муолиҷаи бисёр бемориҳо истифода мешавад. Ҷӯшоби решаи онро чун давои пешоброну арақрон ва ҳангоми касалиҳои обхӯра, ниқрис, ширинча, диабети қандӣ, дарди санги гурда, қабзиятҳои музмин, газак, саратони бачадон ва сурхрӯда, касалиҳои пӯст (ҳафтпӯст, шукуфа, экзема, гармича), бемориҳои олоти таносул ва ғ. истеъмол мекунанд. Ҳангоми саратони меъда решаи хушки майдакардаи М.-ро 7 – 10 рӯз дар спирт ё об нигоҳ дошта, якчумчагӣ мехӯранд. Сокинони ҷануби ҷумҳурӣ тухми бирёнкардаи М.-ро барои табобати чурра, газаки меъда ва дарди сандуқи сина (пеш аз таом) муфид меҳисобанд. Тоҷикони Қаротегину Дарвоз барги М.-ро буғ дода ба омос мебанданд. Дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт тухми М. ва мағзи чормағз ё зардолуро якҷоя кӯфта ҳангоми миёндард мехӯранд, барги тару тозаи онро равған молида ба зону ва сар мегузоранд. Бо ҷӯшоби М. шустани сар мӯйро бақувват мекунад. «Равғани мушхор», ки дар натиҷаи дар равғани бодом, шафтолу ё зардолу тар карда мондани решаи М. таҳия месозанд, давои беҳамтои халқӣ барои нигоҳубини мӯй аст.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …