Главная / Илм / МУШКАК

МУШКАК

mushkakМУШКАК (Patrinia intermedia), гиёҳест бисёрсола. Аз 20 то 75 см қад мекашад. Тиррешаи бӯри сиёҳтоб дорад. Пояаш сершохча, зарди сабзтоб. Баргаш сахт, хокистарранги сабзтоб; баргҳои бехи поя байзашакли дандонадор, пармонанд, баргҳои пояаш пармонанди нештаршакл. Гулаш зарди зангӯламонанд. Моҳҳои май – июл гул мекунад. Дар шахҳо, нишебиҳои серсангу шағал, регзор, соҳилҳои хушки рӯдҳои кӯҳӣ (то баландии 2500 м аз с.б.) мерӯяд. Дар Тоҷикистон камёфт аст.
Беху решапояи М. хосияти шифобахшӣ дорад. Онро тирамоҳ меғундоранд. Дар тибби халқӣ барои муолиҷаи бемориҳои меъдаю рӯда, обхӯра, бавосир, сили шуш, тарбод, иллати гурда ва ҷигар, ихтилоли асабҳо, дилзанӣ, бехобӣ, сардард, зардпарвин ва ғ. тавсия шудааст. Нақеъи «алаф»-и онро чун давои зардарон, таскинбахш, зидди илтиҳоб ва пешоброн истифода мебаранд. Бо хокааш ҷароҳатҳои ҳайвонотро дармон мебахшанд. Нақеъи решаи М. ҳангоми хуруҷи асабоният ва неврози дил чун давои таскинбахш кор фармуда мешавад.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …