Главная / Илм / МУШОВАРАГОҲИ ТИББИИ ЗАНОН

МУШОВАРАГОҲИ ТИББИИ ЗАНОН

zanonМУШОВАРАГОҲИ ТИББИИ ЗАНОН, сохтори таркибии таваллудхона ё марказии саломатӣ, ки ба аҳолӣ ҳама гуна ёрии амбулатории акушерию гинекологӣ мерасонад. Сиҳату саломат таваллуд кардани занҳои ҳомила ба саривақт аз назорати М. гузаштани онҳо, ба муоинаи мунтазам (дар вақти ҳомилагӣ) вобаста аст. Аз ин рӯ, дар сурати зуҳури аломатҳои аввалини ҳомилагӣ ба М. муроҷиат намудани занон ҳатмист. Ба сабаби саривақт ба М. муроҷиат намудан зан ба таваллуд тайёр мегардад, бачапартоӣ ва диг. оризаҳои ногуворро пешгирӣ менамояд. Дар ин ҳол духтурон вақти додани рухсатии пеш аз таваллудро низ дуруст муайян мекунанд. Занҳои ҳомилаи гирифтори бемориҳои дилу раг ва косашон тангро, ки аз ин пеш дар аснои ҳамл ва таваллуд сахт азоб кашидаанд, М. ба назорати махсус мегирад. Ҳангоми пайдо шудани оризаҳои ногувор ё токсикоз занро ба таваллудхона хобонда, тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Дар М. омодагии равонӣ гузаронида мешавад, ки мақсади он занро ба таваллуд тайёр кардан аст. М. оид ба пешгирии таваллуди бармаҳал безурётӣ, ихтилоли эндокринӣ кабинетҳо дорад. Дар М. роҷеъ ба зарари исқот, гигиенаи мубошарат ва ғ. сӯҳбатҳо мегузаронанд, ёрии иҷтимоию ҳуқуқӣ мерасонанд. Дар деҳот чунин корҳоро пункти фелдшерию акушерӣ, ки зери роҳбарии духтури беморхонаи маҳаллӣ кор мекунад, ба ӯҳда дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …