Главная / Илм / «МУҲИТИ АЪЗАМ»

«МУҲИТИ АЪЗАМ»

azam«МУҲИТИ АЪЗАМ» («Баҳри кабир»), китоби Муҳаммад Аъзамхон ибни Шоҳаъзамхон оид ба тиб. С. 1879 ба забони форсӣ-тоҷикӣ дар чор ҷилд таълиф шудааст. Ин китоб, ки с. 1896 дар Канпур ба табъ расидааст, 14967 номи давоҳои муфрадаро дарбар мегирад. Муаллиф ба ғайр аз доруҳое, ки тавсифашон дар китобҳои тиббии форсӣ ва арабӣ сабт ёфтааст, дар хусуси адвияе низ маълумот додааст, ки дар маъхазҳои юнонӣ, ҳиндӣ, суриёнӣ ва ғ. мавҷуд буданд.
Дар аввали муқаддимаи китоб гуфта мешавад, ки дар вақти навиштани он 68 асари тиббии қадим мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз маълумоти муқаддима метавон ба хулоса омад, ки таълифи китоб тақрибан дар с-ҳои 1860 – 1865 ба итмом расидааст, зеро он с. 1867 ба регистри махсуси давлатӣ дар бобати нигаҳдории ҳуқуқи муаллиф дароварда шуда буд.
«М. а.» асари бисёр муҳим мебошад. Дар он захираи дорушиносии тибби пешинаи нафақат форсу тоҷик, юнониҳо ва арабҳо, инчунин маълумоти тибби ҳиндӣ ва қисман аврупоӣ (асосан англисӣ) оварда шудаанд. Дар китоб маълумоти тиббӣ ба се қисми асосӣ тақсим гаштаанд. Дар назди номҳои форсӣ-тоҷикӣ, арабӣ ва юнонии доруҳо маълумоти тибби юнонӣ оварда мешаванд. Аммо дар назди маълумоти ҳинди (урдуи)-и ҳамон доруҳо маълумоти тибби ҳиндӣ ва дар назди номҳои англисӣ ё лотинӣ – маълумоти тибби аврупоӣ дарҷ гаштаанд. Дар эзоҳот ҳавола бар асарҳое, ки ба онҳо истинод шудааст, бисёр дида мешавад. Қимати дигари китоб аз он иборат аст, ки дар муқаддима дар баробари асосҳои назарияи тибби форсу тоҷик асосҳои тибби ҳиндӣ низ баён меёбад.
Китоб аз ду мақсад (қисм) иборат аст. Мақсади аввал даҳ фасл дорад: баёни таърифи даво ва ғизо; дар хусуси мизоҷҳои адвияи муфрада; шинохтани кайфияти дараҷоти давоҳо ва маротиби онҳо; маърифати қувваҳои адвия бо таҷриба; шинохтани адвияи муфрада ба қиёс, вобаста будани таъсири давоҳо ба маҳал, фаслҳои сол, ба бадани ашхоси мухталиф, таъсири ҳарорат, сардӣ, хушкӣ, рутубати иқлим ба онҳо; таъсири давоҳои муфрада, сифат ва номҳои онҳо; бо усулҳои гуногун (ҷӯшонидан, кӯфтан, шустан, тар кардан ва ғ.) собит намудани адвия; ҷамъ ва ҳосил кардани адвия, захира кардан ва нигоҳ доштани он; мӯҳлати нигаҳдории баъзе адвияи муфрада; истилоҳот ва луғатҳои тиб. Мақсади дуюм ба ду фасл ҷудо мешавад: фасли якумро муаллиф ба даҳ манфиат қисмат дода, дар онҳо оид ба аъзои бадан, кайфияти инсон, ахлоти асл ва пояи бадан, хӯрданӣ ва нӯшиданӣ, мулкҳо ва иқлимҳо, таъми ғизоҳо, адвия ва манфиати онҳо маълумот медиҳад. Дар фасли дуюм маълумот дар бораи баёни вазнҳо ва ченакҳои ҳиндии тиб, пайдоиши таърихи афкори тиббии ҳинд, ном ва сифатҳои умумии давоҳо ва мулоҳизаҳо оид ба аъзои бадан, истеъмоли ғизо ва давоҳо, инчунин заҳрҳо баён ёфтааст.
Дар ин асар муаллиф кӯшидааст, ки давоҳоро то ҳадди имкон ба забони соддаву фасеҳ шарҳ диҳад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

ВУЛҚОНҲО

ВУЛҚОН ЧИСТ?

ВУЛҚОНҲО Ҳарорати он то + 1500°С мерасад, дар сатҳи замин 900-1200°С ташкил меқунад ва оҳиста …