Главная / Илм / “МУҲИТИ ҒИЗОӣ”

“МУҲИТИ ҒИЗОӣ”

khok«МУҲИТИ ҒИЗОӣ, мабда (субстрат)-и сунъие, ки барои рушду инкишофи микроорганизмҳо моддаҳои зарурӣ дорад. Барои омӯзиши хусусиятҳои микроорганизмҳо (аз ҷумла дар мавриди таҳқиқи бактериаологии бемориҳои сироятӣ), ба даст овардани ваксинаҳо, антибиотикҳо ва ғ. кор мефармоянд.
Барои рушду инкишоф микроорганизмҳо бояд аз М. ғ. миқдори зарурии моддаҳои ғизобахшро гиранд. Онҳо ба гидроген, оксиген, карбон, нитроген, сулфур, фосфор, калий, магний, калсий, оҳан, инчунин ба микроэлементҳо – манган, кобалт, мис., молибден, руҳ, ки вазифаи катализаторҳои реаксияҳои химиявиро иҷро мекунанд, эҳтиёҷ доранд. Барои кишти бисёр микроорганизмҳо омилҳои бактериявии рушд, яъне моддаҳои ғизоии органикӣ, ки худи онҳо наметавонанд ҳосил бикунанд, зарур мебошанд (мас., аминокислотаҳо, витаминҳо). Талаботи муҳими дигар барои М. ғ. дар сатҳи муайяну мусоид нигоҳ доштани реаксияи муҳит аст. Доираи қиммати pH, ки дар ҳолатҳои гуногун истифода мешавад, хеле калон, аз 4,0 то 9,0 мебошад. Барои бисёр бактерияҳои беморизо реаксияи нисбатан мувофиқи муҳит 7,2 – 7,4 аст. Дар натиҷаи метаболизми микроорганизмҳо М. ғ. турш ё ишқорӣ мешавад, бинобар ин рушди минбаъдаи онҳо қатъ мегардад. Барои он ки реаксия тағйир наёбад, ба М. ғ. маҳлулҳои буферӣ (бештар фосфатӣ) илова менамоянд. М. ғ. бояд ба миқдори кофӣ намнок ва тамйизӣ бошад.
М. ғ. моеъ, ғализ ва ниммоеъ мешавад. Ба М. ғ.-и моеъ булёни гӯштупептонӣ ва булёни қандӣ мансубанд. М. ғ.-и ғализ аз 1 – 2% агари гӯштупептонӣ ва зардоби лахта таркиб ёфтааст. М. ғ.-и ниммоеъ аз 0,2 – 0,5% агари гӯштупептонӣ иборат мебошад. Барои ҳосил кардани М. ғ.-и ғализ ба муҳити моеъ, одатан, агар-агар (полисахариде, ки аз обсабзҳои баҳрӣ мегиранд) ё желатин (моддаи табиаташ сафедавии ҳайвонӣ) ҳамроҳ менамоянд.
Вобаста ба таркиб М. ғ. сода ва мураккаб мешавад. Ба М. ғ.-и сода (асосӣ) булёни гӯштупептонӣ, агари гӯштупептонӣ, оби пептонӣ ва желатин мансубанд. Булёни гӯштупептониро аз оби гӯшти гов, ки ба он пептон (маҳлули таҷзияи нопурраи сафедаҳо) ва намаки ошӣ илова карда мешавад, таҳия месозанд. Барои ба даст овардани агари гӯштупептонӣ ба булёни гӯштупептонӣ агар-агар ҳамроҳ менамоянд. Ин гуна М. ғ.-ро барои он асосӣ меноманд, ки дар онҳо микробҳои бисёрро парвариш кардан мумкин аст. Ғайр аз ин дар асоси онҳо М. ғ.-и мураккаб таҳия карда мешавад, мас., булёни қандӣ, агари зардобӣ ва ғ. М. ғ.-и мураккаб барои кишти микроорганизмҳои нисбатан серталаб, ки дар муҳити муқаррарӣ рушд намеёбанд, истифода мешавад. Чунончи, стрептококк фақат дар муҳити қандӣ бо илова кардани глюкоза месабзад.
Аз рӯи таъинот М. ғ. хостгор (элективӣ), тоза ва ташхиси тафриқавӣ мешавад. Дар М. ғ.-и хостгор рушди як ё чанд намуди микроорганизмҳои ба ҳамдигар наздикро таъмин карда, рушди микроорганизмҳои бегонаро фурӯ менишонанд. Мисоли муҳити хостгор барои салмонеллаҳо ва шигеллаҳо булёни талха (аз талха ва булёни гӯштупептонӣ таркиб ёфтааст), барои вибриони вабо оби ишқории пептонӣ аст. Дар баъзе ҳолатҳо муҳити хостгорро бо роҳи ба М. ғ. илова намудани антибиотикҳо ба даст меоваранд. Муҳити тоза ба муҳити хостгор наздик аст. Одатан, дар он моддаҳое, ки рушди микроорганизмҳоро фурӯ менишонанд, вуҷуд надоранд; дар он фақат барои ин ё он микроорганизме, ки дар омехта мавҷуд аст, шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Мас., барои ғун омадани шигеллаҳо ва салмонеллаҳо булёни селенитӣ, ки аз селенити натрийи турш иборат буда, баҳри рушди ин бактерияҳо мусоидат мекунад, истифода мегардад.
Муҳити ташхиси тафриқавӣ барои фарқ кардани микроорганизмҳо пешбинӣ шудааст. Бо кумаки он микроорганизмҳоро метавон аз рӯи аломатҳои ферментативии ҷудогона фарқ кард. Ин гуна М. ғ. индикатор дорад, ки ҳангоми тағйир ёфтани pH (бинобар ҳосил шудани маҳсули таҷзияи моддаҳо) ранги муҳитро дигаргун месозад. Чунончи, ҳангоми ташхиси бемориҳои сироятии рӯда аз муҳити Эндо истифода мекунанд, ки ҷузъи асосии он агари гӯштупептонӣ, лактоза ва индикатор – фуксин мебошад. Муҳити Эндо имкон медиҳад, ки қаламчамикробҳои рӯда (лактозаро бо ҳосил шудани кислота таҷзия мекунанд, бинобар ин колонияи онҳо ранги сурх дорад; ранги фуксин) аз шигелла ва салмонеллаҳо (лактозаро таҷзия намекунанд ва колонияи онҳо беранг аст) фарқ карда шавад. Барои омӯзиши хосияти сахаролизии бактерияҳо муҳити Гиссро кор мефармоянд; он дар асоси оби пептонӣ, ягон карбогидрат (лактоза, маннит ва ғ.) ва индикатор таҳия карда мешавад. М. ғ.-и истифодаашон махсус низ вуҷуд доранд, мас., барои брутселлаҳо – муҳити ҷигарӣ, барои анаэробҳо – муҳити Китт-Таротси. Муҳити Плоскирев мисли муҳити Эндо аст. Муҳити Сотон барои кишти микробактерияҳои сил истифода мешавад.
М. ғ.-ро дар лабораторияҳо тайёр мекунанд.

С. С. Сатторов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …