Главная / Илм / МУШОҲИДАИ МОНИТОРӣ

МУШОҲИДАИ МОНИТОРӣ

monitorМУШОҲИДАИ МОНИТОРӣ, усули мушоҳидаи муттасил аз болои нишондодҳои фаъолияти физиологии организм ба тавассути асбобҳои махсус – мониторҳо. М. м. бо мақсади ошкор сохтани ҳолатҳои барои ҳаёти бемор хавфнок ва ноҷӯриҳои фаъолияти физиологие, ки ҳангоми мушоҳидаи муқаррарӣ бартараф намудани онҳо ғайриимкон аст (яъне онҳо ногаҳон ва ба муддати кӯтоҳ ба амал меоянд), истифода мегардад. М. м. аз болои басомади кори дил ва нафаскашӣ, фишори артерия ва вена, хунгузаронии дил, ҳарор. бадан, электрокардиограмма, электроэнсефалограмма, миқдори газҳои хун ва ҳаво, pH-и хун ва ғ. имконият дорад. М. м.-ро духтур таъин мекунад ва кормандони миёнаи тиббӣ ба ҷо меоранд.
Чанд навъи монитор мавҷуд аст: пайгир ва қайдкунанда; бонги хатардор; муҷаҳҳаз бо микропротсессор ва ғ.
Хусусан кардиомониторҳоро бештар истифода мебаранд. Онҳо имкон медиҳанд, ки фаъолияти дили якбора чанд нафар бемор аз маркази мониторӣ назорат карда шавад.
Ҳангоми истифодаи монитор ба қоидаҳои бехатарӣ риоя кардан лозим аст. Ҳамшираи шафқат ҳуқуқи ҷои худро холӣ монда аз назди бемор баромада рафтан надорад. Кормандони бунгоҳи мониторӣ нишондодҳои онро дар дафтар мунтазам қайд мекунанд. Дар сурати ба кор даромадани «бонги хатар» ҳамшираи тиббӣ бояд зуд нишондодро қайд намояд; тағйироти рухнамуда ва пешомади онро донад; бетаъхир ба духтур дар бораи тағйирот хабар расонад; дар мавриди зарурат духтурони навбатдори реаниматсияро даъват намояд ва дар муддати расондани кумаки реаниматсионӣ тамоми нишондодҳои монитор ва тадбирҳои муолиҷавиро қайд намояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …