Главная / Теги: Тиб (страница 23)

Теги: Тиб

МУСТАФОҚУЛОВА Намуна Иброҳимовна

nophoto

МУСТАФОҚУЛОВА Намуна Иброҳимовна (тав. 18. 01. 1961, ш. Душанбе), доктори илми тиб (2010). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1984). Духтури минтақавии дармонгоҳи № 2 (1984 – 90), мудири шӯъбаи Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 3 (1990 – 96), ассистент (1997 – 2006) ва дотсенти кафедраи касалиҳои дарунии № 3 …

Муфассал »

МУТАГЕНЕЗ

mutagenez

МУТАГЕНЕЗ (аз лот. mutatio – тағйирёбӣ ва юн. genesis – пайдоиш), раванди тағйироти ирсӣ – мутатсия, ки аз таъсири шароити табиӣ (худ аз худ) ё омилҳои гуногуни физикӣ ё химиявӣ (мутагенҳо) ба вуҷуд меояд. Асоси М.-ро тағйирёбии молекулаҳои кислотаҳои нуклеат, ки нигаҳдор ва ноқили ахбори ирсӣ мебошанд, ташкил медиҳанд. Ин …

Муфассал »

МУТАТСИЯ

mutatsiya

МУТАТСИЯ (лот. Mutatio – тағйирёбӣ), тағйирёбии ҳомилини ахбори ирсии организм, ки ба рекомбинатсияи генҳо вобастагӣ надорад. Тамоми набототу ҳайвонот ба М. қобиланд. Тағйироти ногаҳонии ирсие, ки боиси пайдоиши организмҳои дорои хислатҳои нав мегарданд, кайҳо боз маълуманд. Чунончи, тағйири шакл ё ранги баргу меваи наботот, пайдо шудани болҳои иловагӣ дар ҳашарот …

Муфассал »

МУТИЗМ

mutizm

МУТИЗМ (Mutismus; лот. mutus – гунг, лол), ҳолати маризиест, ки бемор ба суолҳо посух намедиҳад ва ҳатто бо имову ишора намефаҳмонад, ки хоҳиши сухан гуфтан дорад ё не. М. бисёр вақт баъди лат хӯрдани майна, осеби вазнини рӯҳӣ, сӯхтор, фавти шахси наздик ва ғ. падид меояд. Ҳангоми М. нутқ вуҷуд …

Муфассал »

МУТОБИҚАТ

mutobikat

МУТОБИҚАТ, адаптатсия, қобилияти ба шароити гуногун мутобиқ гаштани мавҷудоти зинда; истилоҳи «мутобиқат»-ро инчунин барои ифодаи натиҷаи раванди мувофиқат низ истифода мекунанд. М. фаъолияти мӯътадили ҳаёти организм ва ба тағйироти омилҳои гуногуни муҳит, ҳарорат, иқлим, баландӣ, унсурҳои сироятӣ (ниг. Иммунитет) ва ғ. мувофиқ шудани онро таъмин менамояд. Шаклҳои гуногуни М. мавҷуданд: …

Муфассал »

МУФРАДОТ

mufrado

МУФРАДОТ, дар тибби қадими тоҷик давоҳоеро номанд, ки аз як модда иборатанд. М. наботӣ, ҳайвонӣ ва ҷамодӣ мешавад. М.-и наботиро аз гул, барг, поя, реша, пӯстлох, самар, равған, шира ва шилми растаниҳо тайёр мекарданд. Мас., аз чормағз, тут, бед, зардолу, анҷир, газ, бобуна, бӯймодарон, сарсабил, оқирқирҳо, пудина, кунҷид, зарпечак ва …

Муфассал »

«МУФРАДОТИ МАЪСУМӣ»

masumi

«МУФРАДОТИ МАЪСУМӣ», асари ҳаким Маъсум ибни Сафоии Ҳусайнии Синдӣ дар боби тиб. Ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Китоби мухтасар дар баёни доруҳои сода мебошад. Ад.: Абдулҳай ал-Ҳасанӣ, «Ас-Сақофату-л-исломия фӣ-л-Ҳинд», Димишқ, 1983. С. Шаҳобуддинов.

Муфассал »

«МУФРАДОТИ ҲИНДӣ»

mufradot

«МУФРАДОТИ ҲИНДӣ», асари ҳаким Шарафуддини Саҳоварӣ (ваф. 1810). Ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Китоб дар як муҷаллади бузург ва дар баёни доруҳои содаи ҳиндӣ мебошад. Ад.: Абулҳай ал-Ҳасанӣ, «Ас-Сақофату-л-исломия фӣ-л-Ҳинд», Димишқ, 1983. С. Шаҳобуддинов.

Муфассал »

МУХАЛЛАС

muhallas

МУХАЛЛАС (Dianthus tetralepis), чӯпончой, чинигул, гиёҳест худрӯи бисёрсола. Пояаш рост, сершохча, 15 – 20 см қад мекашад. Баргаш дарозрӯя (дарозиаш 2 – 5 см, бараш 1 – 2 мм), гулаш гулобӣ, сафед ё арғувонӣ, дар нӯги поя ва шохча яктоӣ мешукуфад. Ғӯзааш сертухм, тухмаш майдаи сипаршакл, сиёҳ. Дар ҷойҳои санглох …

Муфассал »

МУХАМЕДОВА Светлана Галиевна

svetlana

МУХАМЕДОВА Светлана Галиевна (тав. 14. 10. 1952, ш. Душанбе), доктори илми биология (2004). Хатмкардаи ДДТ (ҳоло ДМТ, 1976). Лаборанти лабораторияи истеҳсолии Комбинати абрешими Душанбе (1969 – 73), лаборант (1973 – 77), ходими хурди шӯъбаи морфология (1977 – 89), ходими калони илмии Лабораторияи марказии тадқиқоти илмии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни …

Муфассал »