Главная / Илм / МУШУНГ

МУШУНГ

mushungМУШУНГ (Pisum sativum), нахӯди даштӣ, растаниест яксола. Баландиаш то 1 м; пояаш ғафси камшохча, баргаш мураккаб (аз 2 – 3 ҷуфт баргча иборат), гулаш калони одатан ҳарранга, баъзан сафедтоб, ғилофакаш 6 – 8-тухма, тухмаш мудаввари зарди сабзча, сурхтоби холдор. Моҳҳои июн – июл гул ва июл – авг. мева мекунад. Дар Тоҷикистон бештар дар қ.-кӯҳҳои Туркистон, Ҳисору Дарвоз ва ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Помири Ғарбӣ мерӯяд. Чун алафи бегона дар киштзори ғалладона (800 – 2800 м аз с. б.) низ месабзад.
М. дар заминҳои лалмии минтақаҳои Ҳисор ва Кӯлоб, инчунин дар заминҳои обии Ҳисору Вахш кишта мешавад. М.- ро алоҳида ё ҳамроҳи ҷав ва сулӣ мекоранд. Аз дону орди он таом мепазанд.
М. растании доруист. Ҷӯшоби алафи он хосияти пешобронӣ дошта, намакҳоро аз организм хориҷ менамояд, санги гурдаро майда карда мерезонад. Хусусан ба вояи ғизои ашхоси гирифтори бемориҳои дил илова кардани он манфиати зиёд меорад. Табибони халқӣ бо буғи орди М. пучак ва диг. иллатҳои ба он монанди пӯстро «мепазонанд». Орди М. хосияти беҳамтои ҷаббандагӣ дорад. Истеъмоли М. барои беморони диабети қандӣ низ муфид аст (савияи қанди хунро паст мекунад). М. – ро кӯфта ва бо сафедии тухм омехта карда ба ҷойҳои осебёфтаи пӯст (экзема, захмҳои гуногун, нарак, хуномос ва ғ) гузошта банданд, нафъ мерасонад. Қиёми обӣ ва ғилофаки М. давои сурхакон ва дерматитҳо аст. Истеъмоли М. боиси садо додану дамиши шикам мешавад. Барои ислоҳи ин бояд шибит истеъмол кард.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …