Главная / Илм / МУШКБУЯ

МУШКБУЯ

mushkbuyaМУШКБУЯ (Psoralea drupaceae), ширмолқурут, гиёҳест бисёрсола. Аз 40 то 200 см қад мекашад. Пояи рости сершох, барги сепарра ё байзашакл, гули бунафш, баъзан нофармон дорад. Июн – авг. гул карда, июл – сент. тухм мебандад. Дар ҷойҳои серсанг, нишебии теппаҳо, баъзан чун алафи бегона дар пахтазор, гандумзор, канори роҳ ва заминҳои партов мерӯяд.
Дар тибби халқӣ бо барги кӯфтаи он пучак, ҳафтпӯст ва бо марҳами самараш песи (сафедпӯсти)-ро муолиҷа мекунанд; ҷӯшоби решаи онро ҳангоми сили шуш истифода мебаранд.
Дар саноати тиб аз ғилофаки М. доруи «псорален» таҳия карда шудааст, ки барои муолиҷаи песӣ (витилиго) нафъ дорад. Онро моҳҳои июл – сент. захира менамоянд. «Псорален» дар шакли қурс, ҳамчунин маҳлули спиртии 1-фоиза (700) истеҳсол карда мешавад. Қурси онро рӯзе 2 – 3 маротиба истеъмол карда, маҳлулро ба ҷойҳои сафедшудаи пӯст мемоланд. Даври табобат тақр. 3 моҳ аст. «Псорален»-ро барои барқарорсозии ранги пӯст (ҳангоми лейкодермия) низ истифода мебаранд. Аз М. инчунин доруҳои «псоберан» ва «бикучиол» таҳия месозанд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …