Главная / Илм / МОҲАКИ БУҒУМ

МОҲАКИ БУҒУМ

mohaki-bugumМОҲАКИ БУҒУМ (Meniscus) тағояки буғуми зону, мениск, ҷуфти (дар ҳар буғум дутоӣ) тағояки ҳилолшакл, ки дар байни буғумҳои устухони рон ва устухони калони соқи пой воқеъ аст. Тарафи ғафси берунии М. б. бо парда (капсула)-и буғум пайванд буда, тарафи озод ва борики он дар ҷавфи буғум ҷойгир шудааст. Вазифаи физиологии М. б. аз он иборат аст, ки доираи расиши сатҳи буғумҳои устухонро зиёд карда, ба буғум устувории бештар мебахшад. Ғайр аз ин, он чун амортизатор ҳангоми давидан ва ҷаҳидан ҳар гуна такон ва зарбаро сабук мегардонад.
Аксар вақт тағояки зонуи варзишгарон, ҷавонон ва одамони калонсол чок ё канда мешавад (бо кӯдакон ва шахсони аз 40-сола боло ин ҳодиса кам рӯй медиҳад) ва дар ин маврид бештар моҳаки дохилӣ зарар мебинад. Одатан, ҳангоми ногаҳон тоб хӯрдани рон, вақте ки соқи по ноҷунбон бошад (ҳангоми футболбозӣ, бо лижа тоб хӯрдан ва ғ.), тағоякҳо канда мешаванд; дар ин вақт мушаки дарунии устухони рон ба моҳаки дохилӣ фишори зиёд меорад. Дар вақти чок ё канда шудани моҳак буғум дард карда, баъд аз 1 – 2 соат аз сабаби дар он ҷамъ шудани хун варам мекунад. Ёрии аввалин ҳангоми канда шудани М. б. чунин аст: зонуро бо бандинаи фишоровар баста ба соқи пой ҷабира (шина) мегузоранд. Баъд осебдидаро ҳатман ба назди духтур мебаранд. Одатан, баъд аз паст шудани дарди шадиди моҳаки кандашуда чунин нишонаҳои садама боқӣ мемонанд: кас банди зонуашро каме ноустувор ҳис мекунад, гоҳ-гоҳ буғуми пой шах мешавад (дар ин ҳол қисми кандашудаи моҳак дар байни буғумҳои устухони рон ва устухони калони соқ дармемонад). Аз дарди ногаҳон пой шах гашта, зону хаму рост намешавад, банди пой варам мекунад. Барои рафъи зуҳуроти беморӣ, одатан, ҷарроҳӣ (бурида гирифтани моҳаки осебдида) зарур аст. Вобаста ба тағйирот дар банди зону мӯҳлати амали ҷарроҳиро духтур муайян мекунад. Тавсияи духтурро дар бораи ҷарроҳӣ рад кардан ҷоиз нест, зеро маҳдудии ҳаракати банди зону, ки сабабаш гусастани моҳак аст, ба ҳузол (коҳидан ва маҳдуд шудани вазифа)-и мушакҳои пеши рон, махсусан мушаки чорсари рон, мусоидат мекунад. Дар натиҷа ин мушакҳо банди зонуро нигоҳ дошта наметавонанд ва зону зуд-зуд шах мешавад; минбаъд дар тағояки банди зону тағйироти носолим рӯй дода, тадриҷан артроз ба вуҷуд меояд. Агар саривақт ҷарроҳӣ карда шавад, оқибати гусастагии моҳак комилан бартараф мегардад, вагарна фақат инкишофи артрозро бозмедоранд, вале дарди буғум мумкин аст идома ёбад. Баъд аз ҷарроҳӣ бо маслиҳати духтур мушакҳоро тамрин медиҳанд. Ғайр аз варзиш масҳ (худмасҳкунӣ)-и мушакҳои рон ва мунтазам бо усули «крол» (ҳаракат дар об бо пойҳои рост) шино кардан хеле муфид аст.
Барои пешгирии кандашавии М. б. фаъолияти мушакҳоро ба дараҷаи баланд нигоҳ медоранд (ҳар рӯз варзиш мекунанд, мунтазам бо спорт машғул мешаванд), мушакҳои ронро тамрин медиҳанд, ҳангоми мусобиқаи спортӣ аз зонубанд ё бандинаҳои эластикӣ истифода мебаранд.
Бемории М. б. нисбат ба осеби буғуми зону хеле кам рӯй дода, одатан, зуҳуроти амрози умумии буғумҳо, мас., артрози мушаввеҳ (дигар кардани шакл) мебошад, ки дар натиҷаи он моҳак чандириашро гум мекунад ва баъзан сахт мешавад.
Дар дигар узвҳои одам (дар банди соиду панҷа, банди устухони чанбар, банди манаҳ) низ чунин ташкилаҳои тағоякии вазифаашон ба вазифаи М. о. монанд мавҷуданд. Онҳо қурс (диск) ном дошта хеле кам, одатан, фақат ҳангоми баромадани устухон осеб мебинанд.
О. Т. Девонаев.
КЛ
Моҳаки банди зонуи пои рост ҳангоми солимӣ ва осеб дидан (сатҳи буғуми устухони соқ аз боло нишон дода шудааст); а – моҳаки солим (1 – моҳаки берунӣ, 2 – бандаки моҳакҳо, 3 – моҳаки дарунӣ); б ва в – шаклҳои гуногуни чок шудани моҳаки дарунӣ (бо тирча ишора шудааст).

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …