Главная / Теги: Тиб (страница 22)

Теги: Тиб

МУОИНАИ БЕМОР

muoinai-bemor

МУОИНАИ БЕМОР, тадбирест, ки баҳри ташхис ва мушоҳидаи беморӣ, муқаррар кардани хусусиятҳои бемор, интихоби усули босамари табобат ва муайян намудани пешомади маризӣ андешида мешавад. Муоинаи умумӣ ва махсусро фарқ мекунанд. Муоинаи умумӣ дар мавриди ҳама гуна бемориҳо ба иҷро расонда мешавад; мақсади он ба даст овардани маълумот дар бораи бемор, …

Муфассал »

МУОИНАИ ТИББӣ

muoinai-tibbi

МУОИНАИ ТИББӣ, яке аз тарзҳои асосии муоинаи тандурустии аҳолӣ. М. т. ҷиҳати ҳатмии фаъолияти духтурони марказҳои саломатӣ, амбулаторияҳо, диспансерҳо, қисмҳои тиббию санитарӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва баъзе дигар муассисаҳои табобатию профилактикӣ аст. М. т. аз рӯи вазифа ва хусусият ба муоинаи пешакӣ, даврӣ ва мақсаднок ҷудо мешавад. М. т. аз муоинаи …

Муфассал »

МУОЛИҶА БО МЕҲНАТ

mehnat

МУОЛИҶА БО МЕҲНАТ, истифодаи меҳнат барои табобати баъзе бемориҳо ва узвҳои осебдида. Бефаъолиятии дуру дароз инсонро заиф карда, ба ҳолати бетамринӣ гирифтор месозад. Ҳангоми дуру дароз бемор будан, имкониятҳои неруии инсон кам мешаванд. Ин нафақат аз бемории шахс бармеояд, балки натиҷаи бефаъолиятӣ низ мебошад. Дуру дароз аз ҷамоат дур будани …

Муфассал »

МУОЛИҶАИ БОҶАДАЛ

bochadal

МУОЛИҶАИ БОҶАДАЛ, як тарзи табобати махсуси беморон ва ҷабрдидагоне, ки дар онҳо бинобар вазнин будани беморӣ, осеб, ҷарроҳӣ ё заҳролудӣ ноҷӯриҳои барои ҳаёт хавфнок ба амал омадаанд ё мумкин аст ба амал оянд. М. б. аксар вақт ҳангоми сактаи мушаки дил, хунравии фаровон ва бемориҳои илтиҳобии вазнини шуш, осеби устухонҳои …

Муфассал »

МУОЛИҶАИ УЛТРАСАДОӣ

ultrasado

МУОЛИҶАИ УЛТРАСАДОӣ, бо мақсади табобат кор фармудани мавҷҳои ултрасадои басомадашон муайян. Басомади мавҷҳои ултрасадое, ки барои муолиҷа истифода мешаванд, 0,8 ва 3,0 Мгс, инчунин 22 ва 44 кГс аст. Умқи ба бофтаҳо даромадани ултрасадо ҳангоми М. у. 20 – 50 мм мебошад; дар ин гуна маврид он таъсири механикӣ, ҳароратӣ, …

Муфассал »

МУРДАЗОДӣ

murdazodi

МУРДАЗОДӣ, ба дунё омадан ё аз батни модар берун овардани кӯдаке, ки 28 ҳафта (ё зиёдтар аз он) умр дошта (қад аз 35 см ва вазн аз 1000 г кам набошад), баъди ҷудо шудан аз организми модар ягон маротиба нафас нагирифта бошад (қатъи назар аз будан ё набудани таппиши дил …

Муфассал »

МУРДАЗОӣ

murdazoi

МУРДАЗОӣ, фавтидани тифл дар давраи ҳомилагӣ (марги батнимодарӣ) ё зодан (марги зоишӣ). Сабаби асосии М. бемориҳои сироятии модар (ангезанда ва заҳри он ба воситаи машима ба ҷанин таъсир мерасонад) ва токсикозҳои ҳомилагӣ (хусусан нефропатия ва эклампсия), ки боиси гипоксияи кӯдак мешаванд, ба шумор мераванд. Ҳамчунин мумкин аст нуқси дил, бемории …

Муфассал »

МУРОДОВ Алишер Мухторович

nophoto

МУРОДОВ Алишер Мухторович (01. 01. 1966, ноҳ. Конибодоми вил. Суғд), анестезиолог ва реаниматолог, доктори илми тиб (1999), проф. (2002), дорандаи Мукофоти давлатии ҶТ ба номи Исмоили Сомонӣ (1999), Аълочии ҳифзи тандурустии ҶТ (2006). Хатмкардаи ДДТТ (1991). Духтур-интерни клиникӣ оид ба анестезиология ва реаниматологияи шӯъбаи реаниматсияи Беморхонаи шаҳрии клиникии №5 (1991 …

Муфассал »

МУРОДОВ Мухтор Қодирович

nophoto

МУРОДОВ Мухтор Қодирович (20. 2. 1936, деҳаи Хамиҷӯи ноҳ. Конибодом – 01. 10. 1996, Душанбе), анестезиолог ва реаниматолог, доктори илми тиб (1970), проф. (1974), Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1996). Хатмкардаи ДДТТ (1959). Духтур-анестезиолог ва реаниматологи беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии касалиҳои сил (1959 – …

Муфассал »

МУРЧ

murch

МУРЧ (Piper nigrum), фулфул, филфил, буттаест, ки пояи борики печанда дорад (дарозиаш то 12 м). Баргаш байзашакли думчадор, хӯшагулаш саракмонанд (дарозиаш 5 – 10 см), гулаш майдаи сафед ё зардтоб; аз вазиши бод гардолуд мешавад. Мевааш доначаи яктухма (диаметраш 3 – 5 мм), тунди сабз, баъди пухтан сурх мешавад. М.-ро …

Муфассал »