Главная / Теги: Тиб (страница 21)

Теги: Тиб

МУБОДИЛАИ МИНЕРАЛҲО

mineral

МУБОДИЛАИ МИНЕРАЛҲО, маҷмӯи равандҳои ҷаббиш, ҳазм, табдил ва ихроҷи моддаҳое, ки дар организм дар шакли пайвастҳои ғайриорганикӣ (минералӣ) вуҷуд доранд. Моддаҳои минералӣ баҳри нигоҳ доштани мувозанати кислотаю ишқорҳо ва фишори осмосии моеъи ҳуҷайра аҳамияти калон доранд, дар кашиши мушакҳо, реаксияҳои сершумори ферментӣ иштирок мекунанд. Ихтилоли М. м. муҷиби пайдоиши бемориҳои …

Муфассал »

МУБОДИЛАИ МОДДАҲО ВА НЕРУ

metabolizm

МУБОДИЛАИ МОДДАҲО ВА НЕРУ, метаболизм, маҷмӯи ҷараёни тағйироти химиявии моддаҳою неру (энергия) дар организмҳои зинда ва мубодилаи моддаҳою неру байни организму муҳит. М. асоси фаъолияти ҳаётӣ, нишонаи хоси материяи зинда буда, зиндаро аз ғайризинда фарқ мекунад. Ҳар навъи ҳайвонот мубодилаи хосае дорад, ки он ба хусусиятҳои ирсӣ, ҷинс, синну сол, …

Муфассал »

МУБОДИЛАИ ОБУ НАМАК

ob

МУБОДИЛАИ ОБУ НАМАК, маҷмӯи равандҳои истифодаи обу намак (электролит)-ҳо, ҷаббиш, тақсимот ва аз организм хориҷ шудани онҳо. Талаботи шаборӯзии одам ба об тақр. 2,2 л аст, ки 1 л онро ӯ ба тавассути ғизо мегирад. Дар як шаборӯз гурдаҳо 1 – 1,2 л ва рӯдаҳо тақр. 0,2 л об хориҷ …

Муфассал »

МУБОДИЛАИ ЧАРБУ

charb

МУБОДИЛАИ ЧАРБУ, маҷмӯи табаддулоти чарбу ва диг. липидҳо дар организми одам. Ба М. ч. мансубанд: ҳазм гаштани чарбую (триглитсеридҳо) липидҳои ғизо ва ҷаббиши маҳсули таҷзияи онҳо, хусусан кислотаҳои равған дар роҳи меъдаю рӯдаҳо; мубодилаи мобайнии чарбу ва маҳсули таҷзияи онҳо дар организм; аз организм хориҷ шудани чарбу ва маҳсули таҷзияи …

Муфассал »

МУВАЛЛИДА

muvalida

МУВАЛЛИДА, момодоя, доя, акушерка, ходими дорои маълумоти миёнаи махсуси тиббӣ, ки дар таваллудхона ё шӯъбаи таваллудхонаи бемористон, мушоварагоҳи занон, пункти фелдшерию акушерӣ, инчунин дар хона ёрии акушерию гинекологӣ мерасонад. Вазифаҳои М. чунинанд: баҳисобгирии диспансерӣ ва назорати мунтазам ба ҳомилагон, ташхиси бемориҳои ҳомилагон, ҷамъ намудани анамнези акушерӣ, патронаж, кори маорифи санитарӣ, …

Муфассал »

МУҒУЛЧОЙ

mugulchoy

МУҒУЛЧОЙ (Bergenia stracheyi), зардчой, баргчой, гиёҳест бисёрсола. Решааш дароз, баргаш сабз, гулаш зангӯламонанди гулобӣ, тухмаш суфта ё чиндор. Июл – авг. гул карда, мева мебандад. Дар тарқиши шахҳои намнок ва мавзеъҳои санглох (дар баландии 2500 – 3800 м аз с.б.) мерӯяд. М. дар тибби мардумӣ аз қадим маълум аст. Баргу …

Муфассал »

МУКОВИССИДОЗ

mukvovisidoz

МУКОВИССИДОЗ (Mucoviscidosis; лот. mucus – луоб ва viscidus – часпак), кистофибрози ғадуди зери меъда, панкреофиброз, бемории ирсӣ, ки дар мавриди он фаъолияти ғадудҳои тарашшӯҳи берунӣ халал меёбад. Яке аз бемориҳои маъмули ирсӣ буда, таносуби он дар байни навзодҳо тақр. 1 : 2000 аст. М. пурра тадқиқ нашудааст. Бино ба баъзе …

Муфассал »

МУКОПОЛИСАХАРИДОЗҲО

mukopolisakharidoz

МУКОПОЛИСАХАРИДОЗҲО, мукополисахаридҳо, гаргоилизм, як гурӯҳ бемориҳои ирсии бофтаҳои пайвандӣ, ки боиси ихтилоли мубодилаи полисахаридҳо мешаванд. М. бо осеби дастгоҳи такяву ҳаракат, узвҳои дохилӣ, ихтилоли босира, сомеа, ба таъхир мондани рушди ҷисмонӣ ва равонӣ падид меоянд. Таносуби М. дар байни навзодон тақр. 1 : 400 000 аст. Дар натиҷаи норасоии ферментҳое, …

Муфассал »

МУМИ ЗАНБӯРИ АСАЛ

zanburi-asal

МУМИ ЗАНБӯРИ АСАЛ, моддаи равғанмонандест, ки дар ғадуди махсуси занбӯри асал ҳосил мешавад. Аз омехтаи эфирҳои мураккаб (то 75%), кислотаҳои хоси карбон, карбогидридҳои ҳаднок иборат буда, ба миқдори зиёд витамини А дорад. Массаи хосаш 0,956 – 0,969; дар 62 – 72°С об мешавад. М. дар эфир, хлороформ, бензол, бензин, равған, …

Муфассал »

МУМИЁ

mumiyo

МУМИЁ, маҳсулоти муммонанди табиӣ, ки дар баъзе ғорҳо аз тарқишҳои санг таровида мебарояд. М. зиёда аз 4000 сол ин ҷониб дар тибби халқӣ чун даво маъмул аст. Олимон ва табибони машҳури форсу тоҷик Абӯали ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абӯбакр Рабеъи Бухороӣ, Муҳаммад Ҳусейни Шерозӣ ва диг. М.-ро барои табобати …

Муфассал »