Главная / Илм / МОЯГУЗАРОНӣ

МОЯГУЗАРОНӣ

moyaguzaroniМОЯГУЗАРОНӣ (Immunisatio; лот. immunis – озод, аз чизе раҳодода), иммунизатсия усули махсуси пешгирии бемориҳои сироятии одам ва ҳайвонот. М. фаъол, нофаъол ва нофаъолу фаъол мешавад. Ҳангоми М.-и фаъол ба организм ваксина ё анатоксин мегузаронанд. Дар мавриди М.-и нофаъол ба организм зардоби масунӣ ё иммуноглобулин гузаронда мешавад. Ҳангоми М.-и фаъолу нофаъол аввал ба организм зардоби масунӣ, сипас ваксина ё анатоксин мефиристанд.
М. самараи хеле хуб медиҳад. Ба тавассути он нафақат имконияти пешгирии баъзе бемориҳои сироятӣ фароҳам омад, балки як қатор касалиҳои ниҳоят вазнин (мас., нағзак) батамом нест карда шуданд.
М. ба тавассути ваксина (ваксинопрофилактика) ва анатоксинҳо чун тадбири нақшавии пешгирии бемориҳо нисбат ба М. ба воситаи доруҳои зардобӣ (серопрофилактика) самараи бештар дорад, зеро он организмро ба муддати дуру дароз ҳифз менамояд.
Дар таркиби моя ангезандаҳои зинда (заиф) ё мурда (кушта)-и бемориҳо (бактерия ва вирусҳо ё қиёми бактериявӣ ва заҳрҳои безараршудаи онҳо – 93 позаҳр) мавҷуданд. Ҳангоми ба организм фиристодани моя моддаҳои муҳофиз (подтанҳо ва позаҳрҳо) ҳосил мешаванд, ки дар натиҷа баъди мӯҳлати муайян организм ба ҳамон беморие, ки ангезааш дар моя аст, дучор намеояд. Меъёр ва тарзи гузаронидани ҳар моя аниқ шудааст. Ангезаҳои баъзе бемориҳоро бо 2 – 3 усул мегузаронанд. Мас., барои пешгирии полиомиелит, сурфакабутак, хуноқ ва кузоз 3 маротиба (баъди ҳар якуним моҳ) моя мегузаронанд. Агар бо гузашти айём таъсири моя суст шавад, баъди мӯҳлати муайян ин корро такрор мекунанд. Мувофиқи тақвими М., ки соли 1980 тасдиқ шудааст, ба кӯдаки яксола барои пешгирии сил, полиомиелит, сурфакабутак, хуноқ ва кузоз, ба кӯдаки дусола барои пешгирии паротит, ҳасба ва такроран барои пешгирии полиомиелит, ба кӯдаки сесола барои пешгирии сурфакабутак, хуноқ, кузоз ва полиомиелит моя мегузаронанд. М. минбаъд чунин ҷараён мегирад: дар 6-солагӣ барои пешгирии хуноқ ва кузоз; дар 7-солагӣ (синфи 1) барои пешгирии сил; дар 7 – 8-солагӣ барои пешгирии полиомиелит; дар 11-солагӣ барои пешгирии хуноқ ва кузоз; дар 11 – 12-солагӣ (синфи 5) барои пешгирии сил; дар 15 – 16-солагӣ барои пешгири полиомиелит, дар 16 – 17-солагӣ барои пешгирии сил ва кузоз.
Барои пешгирии диг. бемориҳо низ ба организм моя мегузаронанд. Агар таъҷилан организмро сироятнопазир кардан зарур шавад (мас., баъди бо бемори ҳасба сару кор доштан, ҳангоми газидани ҳайвонот ва ғ.), аз зардоб ё гамма-глобулин истифода мебаранд. Пеш аз М. одамро бояд духтур муоина кунад. Ҳангоми бемориҳои шадид моя намегузаронанд. Дар муддати чанд рӯз баъди М. одам бояд худро аз хастагӣ, бисёр гарм шудан ё хунук хӯрдан ҳифз намояд. Дар ин давра баъзан одам таб карда, дарди сару беҳол мешавад, ҷои моягузаронда газак ва дард мекунад. Аммо ин хавфнок нест ва баъди чанд соат ё 1 – 2 шаборӯз барҳам мехӯрад. Бемории сироятӣ баъди М. ба вуҷуд ояд ҳам, нисбатан сабук мегузарад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …