Главная / Илм / МОҲПАРВИН

МОҲПАРВИН

mohparvinМОҲПАРВИН (Somnambulismus; лот. somnus – хоб ва ambulare – роҳ рафтан), сомнамбулизм, яке аз шаклҳои ихтилоли хоб. М. ҳангоми хастагӣ, неврозҳои астенӣ, ғашён, шифоёбӣ аз бемориҳои вазнин, баъзе шаклҳои саръ (эпилепсия) рӯй медиҳад. Он вақте ба вуҷуд меояд, ки ҳангоми хоб системаи асаби марказӣ амали ҳамон қисмҳои майнаро, ки ҳаракатро идора мекунанд, боз надоштааст. Ҳолатҳое, ки шахси хуфта дар хобаш гап мезанад ё ба рӯи ҷойгаҳ хеста менишинад, мисоли боздории нопурра ва рӯякианд. Аммо ба М. иллатҳои баръало намоён мансубанд, ки ҳангоми хуруҷи он шахси хуфта аз ҷойгаҳ мехезад ва бидуни мақсад ё мувофиқи хоби дидааш ҳаракат мекунад, пагоҳӣ ҳамаи ин дар хотираш тира боқӣ мемонад ё тамоман фаромӯш мешавад. Онҳое, ки ба М.-и ғашёнӣ гирифторанд, ҳодисаҳои бо онҳо рӯйдодро бо ибораҳои бофтаи фантастикӣ нақл мекунанд. Атрофиён аксар вақт аз рафтори шахсони ба М. гирифтор меҳаросанд. Бесабаб нест, ки пештар М.-ро ҳодисаи тасаввуфӣ мепиндоштанд ва бо пуррашавии моҳ алоқаманд медонистанд. Аз ҷумла мегуфтанд, ки бемор хобу хоболуд дар лаби бом гашта метавонад, пешгӯйӣ мекунад ва ғ. Ҳангоми хурӯҷи М. афтодан ва захмин шудан мумкин аст. Дар натиҷаи он шахси хоб бедор мешавад. Барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш дару тирезаи хонае, ки шахси ба М. гирифтор мехобад, бояд маҳкам, асбобҳои электрӣ хомӯш карда шаванд ва ғ. Одами дар хоб роҳ гашта истодаро бо садои пасту ором бедор мекунанд. Шахсе, ки ба М. гирифтор аст, бояд барои ташхис ва табобат ба духтур муроҷиат кунад.

Ш. Ф. Раҷабалиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …