Главная / Илм / МОҲӣ

МОҲӣ

mohiМОҲӣ, як гурӯҳи ҳайвоноти мӯҳрадори обӣ. Ҳарор. бадани М. доимӣ набуда, тағйир ёфта меистад. Дар олам тақр. 25 ҳаз. намуди М.-ҳо мавҷуданд. Дар оби баҳру уқёнусҳо 20 ҳаз. намуди М. сукунат дорад. Дар обанбору дарёҳои Тоҷикистон 49 намуди М. зиндагӣ мекунад. М. барои одам ғизои пурбаҳост. Бо таъму таркиби химиявӣ аз гӯшт монданӣ надорад, бо хушҳазмӣ бошад, аз он афзалтар аст. Қисми хӯрданбоби М. ба ҳисоби миёна аз 15 – 22% сафеда, 0,2 –30,8% равған ва андаке ангиштоб иборат аст. Сафедаи М. хушсифат буда, аминокислотаҳои ба одам зарур дорад. Равғани М. зуд об шуда, нағз ҳазм мегардад. Дар таркиби М.-ҳои гуногун миқдори равған як хел нест. Ба ҷинси М.-ҳои беравған (то 2% равған) – равғанмоҳӣ, симмоҳӣ, суфмоҳӣ, хормоҳӣ, шӯртан дохил мешаванд. М.-ҳои камравған (2 – 5%) инҳоанд: шӯрмоҳӣ, зағорамоҳӣ, гулмоҳӣ, вобла, ҷумҷумамоҳӣ, жерех, карас, кефал, озодмоҳӣ, лаққамоҳӣ. Ба ҷинси М.-ҳои равғанӣ (5 – 20% равған) тосмоҳиҳо, сиғмоҳӣ, кета, горбуша, чавича, омул, рибес, скумбрия, ставрида мансубанд. М.-ҳои серравған (бештар аз 20%) аз озодмоҳӣ, сафедмоҳӣ, минога, мормоҳӣ, шӯрмоҳӣ, шиммоҳӣ иборатанд. Равғани М. сервитамин (алалхусус витаминҳои А ва D) аст. Маҳсулоти М. манбаи зарури намаки фосфор, калсий, магний, натрий, калий, йод, манган, руҳ мебошад.
М. маҳсулоти зудвайрон аст ва онро муддати зиёд набояд нигоҳ доштан. М.-и хушсифат бояд пӯсти тозаи луобаш соф дошта, пулакчаҳояш зич чиспида бошанд; ранги ғалсамааш сурхи баланд, чашмонаш барҷаста ва соф, бофтаҳои мушакҳояш зич буда, аз устухон базӯр ҷудо шавад
Барои гуногунии таъм ва дароз кардани мӯҳлати нигаҳдорӣ тарзҳои зерини таҳвили М.-ро истифода мебаранд: дар намак хобондан, хушк кардан, дуд дода пухтан, дар сирко хобондан. Ҳангоми дар намак хобондан М. як миқдор сафеда, моддаҳои минералӣ ва витаминҳои таркиби худро гум мекунад. М.-ҳои дар намаку сирко хобонда ва дуддодаро дар мавриди баъзе касалиҳо истеъмол кардан манъ аст.
Ҳангоми истеъмоли М.-и хоми яхбаста, М.-и ба қадри кофӣ намак нахӯрда (камнамаки дар хона тайёршуда) ва андак дудхӯрда ба бемориҳои гелминтӣ (дифиллобатриоз, описторхоз) гирифтор шудан мумкин аст. Истеъмоли М.-и гарм дуддодаи бадсифат бемории ботулизмро ба миён меорад.
М.-и тозаро дар яхдон 2 шаборӯз нигоҳ доштан мумкин аст. Мӯҳлати нигаҳдории М.-и яхин дар яхдон 2 ва дар сарддони он то 15 шаборӯз мебошад (аммо дар шароити мӯътадил аз 1 шаборӯз набояд зиёд бошад). М.-ии гарм дуддодаро дар яхдон 3 шаборӯз нигоҳ доштан мумкин аст, вале дар рӯзҳои гарм онро зудтар истеъмол бояд кард. М.-и вайрон аломатҳои зерин дорад: луоби пӯст ва чашмон тира аст, шикам варам карда аз сӯрохии ғалсама бӯи туршӣ ва заҳ меояд.
Ба ақидаи табибони мардумӣ дар оташ кабобкардаи М. беҳтар аз он аст, ки дар равған бирён карда бошанд; он ба бадан об медавонад, фарбеҳ мекунад, манӣ, шир ва чарбии гурдаро зиёд менамояд, захми шуш, сил ва бемории лоғаркунандаро даво мешавад, сурфаи хушкро шифо мебахшад. Агар М.-ро бо оби ангурғӯра ва татум кабоб карда бихӯранд, исҳоли сафровӣ ва хуниро манъ менамояд. Моҳишӯрборо биёшоманд барои заҳр даво мебошад. Баъд аз истеъмоли М. ошомидани оби хунук бағоят зарарнок аст. Агар М.-ро бо шир ё тухми мурғ бихӯранд зиён меорад. Истеъмоли М.-и намакин балғамро меканад, ба таом иштиҳо пайдо мекунад. М.-и намаксудаи хушк бадтарин қисми моҳиён ва гаронҳазм аст. Агар онро бардавом бихӯранд, ба иллати шабкӯрӣ мубтало мегардонад. Тухми М.-ро бихӯранд, барои қавӣ гардондани боҳ пуртаъсир аст, манӣ пайдо мекунад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад, барои сурфа ва исҳол, ки аз гармӣ бошанд, даво мешавад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

ВУЛҚОНҲО

ВУЛҚОН ЧИСТ?

ВУЛҚОНҲО Ҳарорати он то + 1500°С мерасад, дар сатҳи замин 900-1200°С ташкил меқунад ва оҳиста …