Главная / Илм / МОРЧӯБА

МОРЧӯБА

morchubaМОРЧӯБА (Asparagus officunalus), сарсабил, як навъ растанӣ. Пояи сершох, барги борики сӯзаншакл, гули майдаи зангӯлашакли сабзча ё зардтоб (асосан ҷудоҷинса), ғӯраки сепалла, ғуҷуммеваи мудаввари сурх дорад.
М.-ро дар тибби халқӣ чун позаҳр кор мефармоянд. Дар як қатор кишварҳо мисли сабзавот ва чун гиёҳи шифобахш парвариш карда мешавад. Наврустаи М.-и мазрӯъро мехӯранд. Решапояашро ҷӯшонда, зирбонда ё очоронда истифода мебаранд. М.-ро аз кӯчат ва решапоя зиёд мекунанд. Пояи М. зуд рушд намуда, 120 – 150 см қад мекашад. Дар таркиби решаи М. аспарагин, сапонинҳо, кумаринҳо, карбогидратҳо, каротиноидҳо, аминокислотаҳо, витамини С ва диг. моддаҳо мавҷуданд.
М.-ро ҳанӯз 2000 сол қабл дар Мисри Қадим чун сабзавот ва гиёҳи шифобахш мепарвариданд. Мутахассисон собит кардаанд, ки ба варид фиристодани аспарагин ё қиёми М. фишори хунро паст, рагҳоро васеъ ва кашиши дилро муназзам сохта, пешобро меронад. Таъсири қиёми М. нисбат ба таъсири аспарагин зиёдтару тӯлонитар аст. М. аз организм намак, фосфатҳо ва мочевинаро хориҷ менамояд. Бинобар ин давохои онро дар мавриди бемориҳои гурда, дил, тарбод, ниқрис, нефрит, дарди ҳавзакҳои гурда, шошадон тавсия медиҳанд.
Табибони халқӣ бо реша ва алафи М. амрози дил, ҷигар, пешобдон, дарди санги гурда, варамҳои табиаташон гуногун, саръ, тарбод, ҳамчунин бо меваи он сусткамарӣ ва исҳоли хунинро табобат менамоянд. Ба ақидаи эшон агар М.-ро дар об ҷӯшонида он обро дар даҳон гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад, пухта бихӯранд дарунро мулоим мекунад, боҳро ба ҳаракат меоварад, пешобро равон мекунад ва агар бо шароб биёшоманд, чакмезакро шифо мебахшад. Онро ба дили наҳор бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, иллатҳои гурда ва хичакро барҳам медиҳад. М.-ро дар шир пухта бихӯранд, боҳро қувват мебахшад.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …