Главная / Илм / МУБОДИЛАИ КАРБОГИДРАТҲО

МУБОДИЛАИ КАРБОГИДРАТҲО

karbogidratМУБОДИЛАИ КАРБОГИДРАТҲО, маҷмӯи равандҳои ҳазм, ҳосил шудан, таҷзия ва аз организм хориҷ гаштани ангиштобҳо ва моддаҳои ангиштобдор. Барои М. к. дар бофтаҳои одам ва ҳайвонот аҳамияти глюкоза калон аст. Манбаи он дар организм гликоген (хусусан гликогени ҷигар) ва крахмали ғизоҳои наботӣ мебошанд. Глюкоза ҳамчунин метавонад аз моддаҳои ғайриангиштобӣ дар ҷараёни глюконеогенез ҳосил шавад; он баҳри нигоҳ доштани консентратсияи зарурии глюкоза дар хун ва бофтаҳо аҳамияти калон дорад. Сахаридҳои ғизо, ки глюкоза доранд, дар роҳи меъдаю рӯда зери таъсири ферментҳои гидролизи (гидролазаҳо)-и карбогидразаҳо таҷзия мегарданд. Глюкоза мабдаи раванди мураккаби неруофар – гликолиз аст. Ғайр аз гликолиз глюкоза метавонад бо роҳи оксидшавӣ ё пентозофосфатӣ табдил ёбад.
Дар танзими гликолиз, гликогенолиз (таҷзияи ферментии гликоген) ва глюконеогенез инсулин, адреналин, глюкагон ва глюкокортикоидҳо иштирок менамоянд.
Нуқси генетикии ферментҳое, ки дар М. к. ширкат доранд, муҷиби бемориҳои ирсии хеле вазнин мешаванд. Мас., галактоземия ва фруктоземия дар натиҷаи норасоии ферментҳои мубодилаи моносахаридҳои дахлдор сар мезананд. Ба энзимопатияи нисбатан вазнин норасоии ферменти лактаза дар луобпардаи рӯда мансуб аст (чунин кӯдакон аз рӯзи таваллуд ба лактазаи шир тоб намеоранд). Ташхиси дурусти чунин энзимопатия ниҳоят муҳим аст, зеро онро бисёр вақт исҳоли хунин пиндошта бо антибиотикҳо муолиҷа менамоянд ва дар натиҷа вазъи бемор хеле вазнин мешавад.
Ниг. низ Карбогидратҳо.

Ф. А. Шукуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …