Главная / Илм / МОРФИН

МОРФИН

morfinМОРФИН, алкалоид, воситаи табобатӣ аз гурӯҳи доруҳои рафъкунандаи дард. М.-ро бори аввал с. 1804 фармакологи немис Ф. Сертюрнер аз таркиби афюн ҷудо карда, ба он номи худои юнониёни қадим Морфей (писари Гипнос)-ро додааст. М. нахустин алкалоиде буд, ки дар шакли холис ба даст оварда шуд. Истифодаи он хусусан баъди ихтироъи сӯзандору (с. 1853) ривоҷ ёфт. М. аз шираи шахгаштаи ғӯзаи хашхош (кӯкнор) ҳосил карда мешавад. Дар амалияи тиб асосан гидрохлориди он чун воситаи табобатӣ (бо тавсияи духтур) ҳангоми ҷароҳат ва бемориҳои гуногуне, ки дардашон бисёр сахт аст, инчунин барои ба ҷарроҳӣ тайёр намудани беморон ва баъди ҷарроҳӣ, баъзан дар вақти танг шудани нафас истифода мешавад. Ҳангоми муддати зиёд такроран истеъмол намудани М. нисбат ба он нашъамандӣ (морфинизм) инкишоф меёбад. Мансуб ба доруҳои гурӯҳи А. аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …