Главная / Илм / МУБОДИЛАИ ГАЗ

МУБОДИЛАИ ГАЗ

gazМУБОДИЛАИ ГАЗ, навъе аз мубодилаи моддаҳо байни организм ва муҳити атроф. М. г. аз оксигенро фурӯ бурда гази карбонатро хориҷ кардани организм иборат аст; фурӯ бурдани баъзе маҳсулоти газмонанд ва буғи об низ мансуб ба М. г. мебошад.
М. г. ҷузъи аввалу охири силсилаи аксуламали мубодилаи моддаҳо ва неруи организм буда, фаъолияти ҳаётии онро таъмин месозад. Механизми М. г. дар одам аз нафас гирифтан бо шуш (мубодилаи фаъоли газҳоро байни ҳавои атмосферӣ ва алвеолавӣ, ҳавои алвеолавӣ ва хун таъмин менамояд), оксигенро пайваст намуда ба бофтаҳо расондани хун, гузариши оксиген аз хун ба моеъи байни бофтаҳо ва нафасгирии бофтаҳо иборат аст. Ба ҳамин монанд (фақат баръакс) мубодилаи гази карбонат сурат мегирад.
Фишори парсиалии оксигени ҳаво, ки алвеолаҳои шушро пур мекунад, ба 100 мм сут. симобӣ, шиддати он дар хуни венавӣ, ки ба шуш ҷорӣ мешавад, тақр. 40 мм сут. симобӣ аст. Дар натиҷаи фарқияти фишори парсиалӣ оксиген аз алвеолаҳо ба хун рафта, бо гемоглобини эритроситҳо пайваст мегардад, сипас вай аз хун ба бофтаҳо мегузарад ва ҳамин тавр, ба силсилаи равандҳои мубодила дохил мешавад.
Фишори парсиалии гази карбонат дар ҳавои алвеолаҳо ба 40 мм сут. симобӣ, шиддати он дар хуни венавие, ки ба шуш меравад, ба 48 мм сут. симобӣ баробар аст. Бинобар фарқияти фишор гази карбонат ба алвеолаҳо мегузарад, вале гази карбонати дар бофтаҳо барзиёд ҷойдошта, ба хун ва сипас ба шуш меравад. Раванди М. г. муттасил идома меёбад. Оид ба савияи М. г. метавон аз рӯи бузургии вентилятсияи шуш дар 1 дақ. хулоса баровард. Дар мавриди ором нафас гирифтан, дар 1 дақ. аз шуш тақр. 8000 мл ҳаво мегузарад. Ҳангоми кори пуршиддати ҷисмонӣ, шиддати рӯҳӣ ва баъзе бемориҳо вентилятсияи шуш меафзояд. Ихтилоли М. г. – гипоксия бемории маъмул буда, бинобар норасоии ҳаво рух менамояд.

Ф. А. Шукуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …