Главная / Теги: Тиб (страница 19)

Теги: Тиб

МОЛЛЮСКИ СИРОЯТӣ

molyuska

МОЛЛЮСКИ СИРОЯТӣ, моллюски сорӣ, бемории сироятии вирусии пӯст. Ҳангоми тамоси бевосита бо мариз ё ашёе, ки ӯ истифода бурдааст (сачоқ, лифи таншӯӣ, бозичаҳо ва ғ.) сироят мекунад. Бештар дар синни кӯдакӣ дучор мешавад. М. с. дар муассисаҳои кӯдакон метавонад якбора паҳн гардад. Давраи ниҳонии беморӣ аз 2 ҳафта то чанд …

Муфассал »

МОМЕЗА

momeza

МОМЕЗА (Mekonion), меконий, фазла, муҳтавои рӯдаи ғафси тифли батн ва навзодон баъди 1 – 3 рӯзи таваллуд. М. моддаи часпаки бебӯй ва сабзи баланд мебошад; аз луобу эпителияи рӯда, усораи қисмҳои гуногуни роҳи ҳозима, талхаи лахтбаста, оби атрофи ҷанин ва ғ. иборат аст. Дар оби атрофи ҷанин пайдо шудани М. …

Муфассал »

МОМИСО

momiso

МОМИСО (Glaucium elegans), арғомунӣ, кӯкноргиёҳ, растаниест яксола. Аз 5 то 30 см қад мекашад. Пояаш борики сершох. Баргҳои дар бехи поя рустааш думчадори пармонанд, баргҳои пояаш байзашакл, гулаш зарди баланд. Апр. – май гул карда, май – авг. тухм мебандад. М. дар воҳаи д. Сир, кӯҳи Мевағул, қ.-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, …

Муфассал »

МОМОӣ

akusheri

МОМОӣ, қобилагӣ, акушерӣ, як соҳаи тибби амалӣ, ки тағйироти табиӣ ва патологи (ихтилоли гуногуни мӯътадил ва номӯътадил)-и организми занонро дар давраи ҳомилагӣ, таваллуд ва баъди он меомӯзад. Коркарди усулҳои самарабахши М., пешгирӣ намудани оқибатҳои нохуши давраи ҳомилагӣ (мас., токсикоз), таваллуд ва баъди он (озурда ва маҷрӯҳшавӣ ҳангоми зоиш, хунравӣ ва …

Муфассал »

МОМОҚАЙМОҚ

momokaymok

МОМОҚАЙМОҚ (Glaucium fimbrilli), заркак , чилғӯза, гиёҳест дусола. Аз 8 то 65 см қад мекашад. Пояаш сершох. Барги назди бехаш пармонанд, баргҳои пояаш майдаи байзашакл. Гулаш зард, норанҷии баланд. Ғилофакаш рост ё камончашакли ғафс, дароз. Май – июл гул карда, июн – авг. тухм мебандад. Дар нишебиҳои шағалзамин месабзад. Дар …

Муфассал »

МОНАКОВ Николай Зосимович

monakov

МОНАКОВ Николай Зосимович (1905 – 1984), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1956), проф. (1956). Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷ., Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷ. С. 1929 Донишкадаи тиббии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)-ро хатм кардааст. Духтури санитар ва ординатори Беморхонаи ш. Конибодом (1929 – 35), духтури ҷарроҳи шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи ҷумҳуриявӣ (1935 – 41), …

Муфассал »

МОНОНУКЛЕОЗИ СИРОЯТӣ

mononukleoz

МОНОНУКЛЕОЗИ СИРОЯТӣ (Mononycleosis infectiosa), бемории Филатов, лимфобластози некфарҷом, касалии шадиди сироятиест, ки ба он ангина, заҳролудии умумӣ, таби баланд, калон шудани уқдаҳои лимфавӣ, тағйири хун хос аст. Ангезандаи он вируси эпстайн – Барр мебошад. М. с.-ро чун бемории сироятии мустақил с. 1885 Н. Ф. Филатов тавсиф кардааст («илтиҳоби худзоди уқдаҳои …

Муфассал »

МОНОСИТҲО

monositho

МОНОСИТҲО (аз моно… ва юн. kytos – зарф, дар ин ҷо ҳуҷайра), яке аз шаклҳои ҳуҷайраҳои сафеди бедонаи хун – агранулоситҳо. М. дар мағзи устухон ба вуҷуд меоянд; одатан ядрои лӯбиёшакл ва ситоплазмаи сустбазофилӣ дорад. М. дар хуни мӯътадили одам 4 – 8%-и лейкоситро ташкил медиҳанд. Андозаи М. 12 – …

Муфассал »

МОНОХЛОРАМИН

monokhloramin

МОНОХЛОРАМИН, хокаи кристаллии сафед ё зардчатобест, ки андак бӯи хлор дошта, дар об ва спирт ҳал мешавад. Чун моддаи тамйизӣ барои тоза кардани фарши бино, либосу ҷойпӯши сафед, зарфҳо, бозачаҳои бачагон, ванна, дастшӯякҳо ва унитаз истифода мешавад. Барои тамйизи либосу ҷойпӯш ва зарфҳо онҳоро як соат дар маҳлули М. нигоҳ …

Муфассал »

МОР

mor

МОР (Serpentes ё Ophidia), як ҷинси хазандаҳо. Танаш дароз, бепой. Пӯсташ бо пулакчаҳои шахшӯли хушк ё сипар пӯшидааст (онро ҳар сари чанд вақт мепартояд). Забони дарозу борикаш (баъзан нодуруст неши мор меноманд) ранги сиёҳ ва нӯги душоха дошта, узви ломиса аст. М., одатан, байни алафзор, буттаҳо, болои дарахтон, тарқишу кафидаҳои …

Муфассал »