Главная / Теги: Тиб (страница 18)

Теги: Тиб

МИТСЕТОМА

micetoma

МИТСЕТОМА (Mycetoma), омоси илтиҳобие, ки бар асари занбӯруғҳои мухталиф рӯй медиҳад. Ангезандаи М. ба бофтаҳои зери пӯст аз ҷойҳои захмдор ва харошхӯрдаи он ворид мешаванд. Дар мавриди ба пӯст халидани хор, ба китф бардоштани халтаи хок ва ҳезум низ метавон сироят ёфт. Беморӣ асосан дар даст ва попанҷа, баъзан дар …

Муфассал »

«МИФТОҲУ-Т-ТИБ»

miftohu-tib

«МИФТОҲУ-Т-ТИБ», асари табиб ва ҳаким Абулфараҷ Алӣ ибни Ҳусайн, маъруф ба Ибни Ҳинду (ваф. 1029). Аз даҳ боб иборат буда, ба тиб ва дорушиносӣ бахшида шудааст. Соҳиби «Қарободини Қалонасӣ» Бадриддини Қалонасӣ (ваф. 1165) дар таълифи худ аз ин китоб ба таври фаровон истифода бурда, муаллифро бо камоли эҳтиром ва бо …

Муфассал »

МОДДАҲОИ ГАНДЗУДО

gandzudo

МОДДАҲОИ ГАНДЗУДО, маводе, ки барои нобуд кардани микроорганизмҳои бемориовар истифода мешаванд. Дар вақти интихоби моддаҳои химиявӣ, муайян кардани миқдору таркиби онҳо ва мӯҳлати дорупошӣ хусусиятҳои ангезандаи бемориро ба назар мегиранд. Ба М. г.-и нисбатан маъмул хлорамин, оҳаки хлордор, гипохлорити калтсий ва формалин мансубанд. Хлорамин хокаи сафед (ё зардча) аст. Онро …

Муфассал »

МОДДАҲОИ ЗИДДИУФУНӣ

ziddiufuni

МОДДАҲОИ ЗИДДИУФУНӣ, маводе, ки микроорганизмҳои бемориоварро нест мекунанд ё афзоишу инкишофи онҳоро бозмедоранд. Барои бесироят гардондани ҷароҳату захмҳо, ҷойҳои сӯхтаи бадан, муолиҷаи бемориҳои мадданоки пӯст, гандзудоии биноҳо, либос, ҷиҳози бистар ва ашёи бемор кор мефармоянд. Дар тиб пайвастҳои хлор (хлорамин ва ғ.), йод (маҳлули спиртии йод, маҳлули Люгол, йодоформ ва …

Муфассал »

МОДДАҲОИ МИНЕРАЛӣ.

mineral

МОДДАҲОИ МИНЕРАЛӣ. Дар баробари моддаҳои органикӣ – сафеда, ангиштоб ва чарбу дар ҳуҷайраи организмҳои зинда пайвастҳое низ мавҷуданд, ки ба М. м. тааллуқ доранд. Ба онҳо об ва намакҳои гуногуни ҳалшуда мансубанд. Онҳо диссосиатсия (таҷзия) шуда, ионҳо – катионҳо (мусбатзаряд) ва анионҳо (манфизаряд)-ро ҳосил мекунанд. Аксар М. м. ба таркиби …

Муфассал »

МОДДАҲОИ МУҚБИЗ

mukbiz

МОДДАҲОИ МУҚБИЗ, давоҳое, ки зуҳуроти ҷузъии газакро кам карда, вале ба рафъи сабабҳои пайдоиши он қодир нестанд. Аз ин сабаб онҳоро, одатан, якҷоя бо доруҳои зидди илтиҳоб тавсия мекунанд. Агар ба ҷои газакёфта ё сӯхта М. м. моланд, сафедаҳои қабати болои пӯст шах шуда, пардаи тунукеро ба вуҷуд меоранд, ки …

Муфассал »

МОДЕЛ

piyoz

МОДЕЛ, номи умумии чанд намуди пиёзи худрӯй (A. oltissimum, A. elatum, A. giganteum, A. karataviense, A. rosenbachianum, A. stipitatum), ки ҳамчун хӯриш ва дар таом истифода мекунанд. М. барги калони нештаршакл ё тасмамонанди сабз ё баъзан ашҳабӣ (диаметраш 2 – 10 см) дорад. М.-ро ба ҳар гуна таом (моделоба, умоч, …

Муфассал »

МОЕЪҲОИ ИВАЗКУНАНДАИ ХУН

khun

МОЕЪҲОИ ИВАЗКУНАНДАИ ХУН, маҳлулҳое, ки бо мақсади муолиҷа барои ислоҳ кардани таркиби хун ё фаъолияти он кор мефармоянд. М. барои пурра иваз кардани хун ва плазма қодир нестанд, вале метавонанд фаъолияти онҳоро ба эътидол оваранд. Барои истифодаи босамар ва бехатари М. таъсироти матлуб ва номатлуб, тарзи корбаст, оризаҳои эҳтимолӣ ва …

Муфассал »

МОЛИБДЕН

molibden

МОЛИБДЕН (Molybdaenum), Mo, элементи химиявии гурӯҳи VI ҷадвали Менделеев; рақами ат. 42, массаи ат. 95,94. С. 1778 химики швед К. Шееле кашф ва с. 1782 дигар химики швед П. Гелм аз MoO3 ҳосил кардааст. М. металли хокистарранги душворгудоз буда, ҳарор. гуд. 2620 ± 10°С, ҳарор. ҷӯш. қариб 4800°С, зичиаш 10200 …

Муфассал »

МОЛИШХӯРИИ ПӯСТ

molishkhuri

МОЛИШХӯРИИ ПӯСТ, газак гирифтани як қисми пӯст, ки аз соиш хӯрдан пайдо мешавад. Бештар дар пошна ва панҷаи пой бинобар серарақӣ, нигоҳубини нодурусти пӯсти пой ва пойафзори номувофиқ ба вуҷуд меояд. М. п. дар ҷойҳои дигари пӯсти бадан (зери бағал, дар гардан) низ аз соишхӯрии либос (дарзи дурушт, гиребони оҳардодаи …

Муфассал »