Главная / Теги: Тиб (страница 166)

Теги: Тиб

ВИБРОТЕРАПИЯ

vibroterapiya

ВИБРОТЕРАПИЯ (аз лот. vibrare – алвонҷ додан, ларзидан ва терапия), бо мақсади муолиҷа ба ҷисми бемор ё ягон узви он расондани таъсири механикии ларзишовар. В.-ро метавон бо даст (мас., ҳангоми масҳ) ё асбобҳои махсус (курсӣ, кат ва суффачаҳои навасонӣ) гузаронд. Дар мавриди В. аз обзан (ванна)-ҳои навасонӣ низ истифода мебаранд …

Муфассал »

ВИРУСЕМИЯ

virusemiya

ВИРУСЕМИЯ (аз вирусҳо ва юн. haima – хун), дар хун давр задани вирус. В. бинобар афзоиши вирусҳо дар ҳуҷайраҳои узвҳои дохилӣ ва аз ҳуҷайраҳои зарардида ба хун гузаштани онҳо ба вуқӯъ мепайвандад. В. дар мавриди бисёр бемориҳои вирусӣ ҳолати муқаррарӣ аст. В. ҳангоми гепатити В, бемориҳое, ки ҳашароти хунмак интиқол …

Муфассал »

ВИРУСОЛОГИЯ

virusologiia

ВИРУСОЛОГИЯ (Vur(us)ologia; аз вирусҳо ва …логия), вирусшиносӣ, илмест оид ба вирусҳо ва бемориҳои вирусӣ. В. ох. а. 19 баъди аз тарафи олими рус Д.И. Ивановский (1892) кашф шудани микроорганизмҳои нав (баъдтар вирусҳо ном гирифтанд) аз микробиология ҷудо ва фанни мустақил шуд. Қариб 1500 навъи вирусҳо маълуманд, ки боиси бемориҳои сироятии …

Муфассал »

ВИРУСҲО

virusi

ВИРУСҲО (аз лот. Virus – заҳр), ангезандаҳои хурдтарини бемориҳои сершумори сироятии одам, ҳайвонот, растанӣ ва бактерияҳо. В. фақат дар дохили ҳуҷайраҳои зинда сукунат дошта, дар ҳуҷайраҳои фавтида қобилияти зиндагӣ надоранд. Бемориҳои сироятии вирусӣ бисёранд. Аз замонҳои қадим ҳорӣ, нағзак, полиомиелит, грипп маълум буданд. Бо вуҷуди он, фақат с. 1892 олими …

Муфассал »

ВИТАМИНКОҲИШ – АВИТАМИНОЗ

avitaminoz

ВИТАМИНКОҲИШ (Avitaminosis, Hypovitaminosis), норасоии витаминҳо, бетобиест, ки бинобар истеъмоли хӯроки камвитамин, ихтилоли ҳазми витаминҳо ё дар организм нокифоя ҳосил шудани онҳо ба вуҷуд меояд. Ду сабаби пайдоиши В. маълум аст: а) нахӯрдани сабзавоту меваи тару тоза; б) истеъмоли паёпаи хӯроки камвитамин (хусусан озуқавории хушконида ва консервонида), ки дар натиҷа дар …

Муфассал »

ВИТАМИНОТЕРАПИЯ

vitaminoterapiya

ВИТАМИНОТЕРАПИЯ (Vitaminotherapia), бо мақсади муолиҷа истифода бурдани витаминҳо. В. дар аснои баъзе бемориҳои узвҳои дарунӣ, пӯст, иллати асабия ва ғ., инчунин бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷи зиёди организм ба витамин, ҳангоми баъзе ҳолатҳои физиологӣ (ҳомилагӣ, ширмакконӣ ва ғ.) кор фармуда мешавад. Дар сурати тамоман набудан (авитаминоз) ё норасоии витаминҳо (гиповитаминоз) …

Муфассал »

Витаминҳои дар об ҳалшаванда

vitamini

Кислотаи аскорбинат (витамини С) дар ҷараёни мубодилаи моддаҳо, хусусан барои ҳазми сафеда, мӯътадилии бофтаҳои пайвасткунанда ва барқарор кардани бофтаҳо мавқеи муҳим дорад. Ҳангоми нарасидани витамини С нифози (қобилияти аз пардаи ҳуҷайра гузарониши ин ё он модда) девораи рагҳои хунгард меафзояд, таркиби бофтаҳои тағояк ва устухон вайрон мешавад, бемории зангила инкишоф …

Муфассал »

ВИШНЕВСКИЙ

vishnevsky

ВИШНЕВСКИЙ ВИШНЕВСКИЙ Александр Василйевич (23. 08. 1874, аули Чиръюрти Доғистон – 13. 11. 1948, Москва), ҷарроҳи шӯравӣ, Аъзои ҳақиқии АИТ ИҶШС (1947), Арбоби шоистаи илми РСФСР (1934). Хатмкардаи фак-ти тиббии Донишгоҳи Қазон (1899). С.-ҳои 1941 – 25 мудири клиникаи ҷароҳии госпиталӣ ва 1926 – 34 мудири клиникаи ҷарроҳии факултативии Қазон …

Муфассал »

ВОВСИ

oftalmolog

ВОВСИ Белла Марковна (тав. 4. 10. 1923, Рига), офталмолог, доктори илми тиб (1972), проф. (1974). Ин-ти 1-уми тиббии Москва ба номи И.М. Сеченовро хатм кардааст (1947). Аз с. 1952 В. духтур-офталмолог, баъд мудири шӯъбаи бемориҳои чашми Беморхонаи клиникии №1 ш. Душанбе, ассистент, дотсент (1957 – 73) ва мудири кафедраи бемориҳои …

Муфассал »

АНГИНАИ ЛЮДВИГ

anginai-liudvig

АНГИНАИ ЛЮДВИГ, флегмонаи шадиди насҷи чарбӣ, ки дар назди ғадуди оби даҳон пайдо мешавад. Беморӣ аз номи духтури немис В. Людвиг гирифта шудааст. Ангезандаи он стрептококкҳо ва стафилококкҳои анаэробӣ мебошанд. Дар бисёр маризон дар оғози беморӣ табларза, беҳолӣ, гулӯдард, дард кардани сар, беиштиҳоӣ рух менамоянд, забон варам карда бо ҳалолати …

Муфассал »