Главная / Илм / ВИШНЕВСКИЙ

ВИШНЕВСКИЙ

vishnevskyВИШНЕВСКИЙ ВИШНЕВСКИЙ Александр Василйевич (23. 08. 1874, аули Чиръюрти Доғистон – 13. 11. 1948, Москва), ҷарроҳи шӯравӣ, Аъзои ҳақиқии АИТ ИҶШС (1947), Арбоби шоистаи илми РСФСР (1934). Хатмкардаи фак-ти тиббии Донишгоҳи Қазон (1899). С.-ҳои 1941 – 25 мудири клиникаи ҷароҳии госпиталӣ ва 1926 – 34 мудири клиникаи ҷарроҳии факултативии Қазон буд. С. 1947 директори Ин-ти ҷарроҳии АИТ ИҶШС таъин шуд. Институти мазкур аз с. 1948 номи В.-ро дорад. Оиди усулҳои беҳиссозии мавзеӣ бо усули инфилтрати хазанда ва таъсири шифобахши ангезиши сусти системаи асаб бо маҳлули навокаин ҳангоми баъзе бемориҳо пажӯҳиш анҷом додааст. Намудҳои гуногуни блокадаи новокаинӣ ва истифодаи онро дар пайвастагӣ бо бандинаи балзамӣ пешниҳод намуд. В. марҳаме таҳия намуд, ки таркиби он аз зифт, ксероформ, равғани беданҷир иборат буда, дармони захмро метезонад, барои табобати ҷароҳат, сӯхтагӣ ва ғ. манфиатбахш аст (марҳам номи В.-ро дорад).
Ос.: Собрание трудов, т. 1 – 5, М., 1950 – 1952.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …