Главная / Теги: Тиб (страница 167)

Теги: Тиб

АНГИОГЕМОФИЛИЯ

angiogemofiliia

АНГИОГЕМОФИЛИЯ (аз ангио… ва гемофилия), як навъ бемории ирсӣ. Дар мавриди А. аз бинӣ ва бачадон хун меравад, дар мағзи пӯст ва зери он хуншориҳо ба вуқӯъ мепайванданд, дар ҳолатҳои вазнини беморӣ андаруни мушакҳо хуномос пайдо мешавад. Хуншории ҷавфи бандҳо кам ба назар мерасад. Ба хунравӣ зарбу лат ёфтан, амалиёти …

Муфассал »

АНГИОГРАФИЯ

angiografiya

АНГИОГРАФИЯ (аз ангио… ва …графия), усули тадқиқи рентгенологии рагҳои хунгарди узвҳои гуногун (мағзи сар, дил, шуш, гурда ва ғ.) бо роҳи ба онҳо ворид намудани маводи контрастӣ, ки барои организм безарар мебошанд (чунин моддаҳо сояи аниқ дошта, ҷараёни ташхисро осон мегардонанд). А. гуногун мешавад, мас., аортография (тадқиқи аорта), артериография (муоинаи …

Муфассал »

АНГИОДИСПЛАЗИЯ

angiodisplaziia

АНГИОДИСПЛАЗИЯ (Angiodysplasia), нуқси инкишофи рагҳо. А. дар рагҳои гуногун пайдо шуда, боиси ноҷуриҳои фаъолияти узвҳо мегардад. А.-и девораи рӯдаро, ки сабаби хуншории он мегардад, бо роҳи колоноскопия ё ангиография ташхис мекунанд. А. капиллярӣ, венавӣ ва лимфавӣ мешавад. А.-и капиллярӣ бештар дар рӯй дар мавзеи асабҳои сетора ба мушоҳида мерасад. Агар …

Муфассал »

АНГИОКАРДИОГРАФИЯ

angiokardiografiia

АНГИОКАРДИОГРАФИЯ (аз ангио…, кардио… ва …графия), ба даст овардани тасвири рентгении артерияҳо, венаҳо ё ҷавфи дил баъди ба онҳо равон сохтани моддаҳои контрастӣ. А. имкон медиҳад, ки хусусиятҳои анатомӣ ва тағйироти бинобар бемориҳо рухнамуда, ҳамчунин самти ҳаракати хун дар узвҳои мазкур ошкор карда шавад. Ба сифати моддаи контрастӣ аз пайвастҳои …

Муфассал »

АНГИОЛОГИЯ

angiologiya

АНГИОЛОГИЯ (Angiologia; аз ангио… ва …логия), вазология, фасли анатомия, ки оид ба рагҳои хуну лимфа маълумот медиҳад. Истилоҳи А.-ро бори нахуст Ҷолинус пешниҳод кардааст. ӯ амалиёти ҷарроҳии дар як қисми раги хунгард гузаронидаро А. номид. Шарҳи имрӯзаи А. ба олими тиб Л. Ҳейстер мансуб аст. Дар инкишофи таълимоти ангиологӣ Везалий, …

Муфассал »

АНГИОМА

angioma

АНГИОМА (Angioma; аз ангио… ва …ома), омосест ғайрисаратонӣ. Аз рагҳои хунгузар (гемангиома) ва лимфавӣ (лимфангиома) ба вуҷуд меояд. А. дар узву бофтаҳои гунгогун (пӯст, насҷи зери пӯст, ҷигар, мушакҳо, устухон, майна, гурда) пайдо мешавад; баъзан ба миқдори зиёд нуму меёбад. Дар мавриди бисёр будани А. онро ангиоматоз меноманд. Беморӣ бештар …

Муфассал »

АНГИОНЕВРОЗ

angionevroz

АНГИОНЕВРОЗ (аз ангио… ва невроз), ихтилоли вазоифии асаби рагҳои хунгард. Аломатҳои А. ногаҳон паридани ранг ё сурх шудани пӯст, варам кардани он, серарақӣ, эҳсоси сӯзиши бадан, карахтӣ ва ғ. мебошанд. А. ҳангоми бемориҳои асаб ва бемориҳои рӯҳӣ ба мушоҳида мерасад.

Муфассал »

АНГИОПУЛМОНОГРАФИЯ

angiopulmonografia

АНГИОПУЛМОНОГРАФИЯ, ангиопневмография, тадқиқи рентгенологии рагҳои хунгардиши хурд. Ҳангоми А. ба раг моддаи контрастӣ мефиристанд (верографин, урографин, кардиотраст ва ғ.). А. бо мақсади омӯзиши фаъолият ва сохтори анатомии рагҳои шуш дар мавриди бемориҳои гуногун ба амал оварда мешавад. А.-ҳои умумӣ ва интиҳоиро фарқ мекунанд. Ҳангоми А.-и умумӣ моддаи контрастиро ба венаи …

Муфассал »

АНГИОСАРКОМА

angiosarkoma

АНГИОСАРКОМА (Angiosarcoma), омоси рагҳо. Табиати саратонӣ дошта, кам ба мушоҳида мерасад. Тақр. 60%-и беморӣ пӯст ва бофтаҳои нарм, тақр. 40%-и он ҷигар, устухонҳо, сипурз ва ғадуди ширро фаро мегирад. Ҳама навъи А.-ҳо аз ҳуҷайраҳои эндотелий ба вуҷуд меоянд. А., одатан, дар сар, гардан, қисми мӯйдори сар, баъзан дар ҷоғи боло …

Муфассал »

АНГИОСПАЗМ

angiospazm

АНГИОСПАЗМ (аз ангио… ва спазм), ихтилоҷи артерияҳои майда, ки дар натиҷа гардиши хун дар узву бофтаҳо суст мешавад. А. ҳангоми бемориҳои фишорбаландӣ, шақиқа, стенокардия ва ғ. падид меояд. Сабаби А. метавонад сактаи майна, сактаи дил ва диг. бемориҳо бошанд. Дар натиҷаи А. девораи рагҳо дучори тағйирот мегардад (атеросклероз).

Муфассал »