Главная / Теги: Тиб (страница 180)

Теги: Тиб

АТ-ТАЛВЕҲ ИЛО АСРОРИ-Т-ТАНҚЕҲ

0_14b515_5b31cb56_orig

«АТ-ТАЛВЕҲ ИЛО АСРОРИ-Т-ТАНҚЕҲ», асари Фахриддин Муҳаммад ибни Абдуллатиф (Абдуллоҳ)-и Хуҷандӣ (ваф. 1157). «А.» мухтасари «Танқеҳу-л-макнун мин мабоҳиси-л-Қонун»-и худи муаллиф буда, «Танқеҳ» дар навбати худ мухтасари китоби «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Ибни Сино мебошад. Яъне муаллиф «Ал-Қонун фи-т-тиб»-ро як бор мухтасар карда, сипас ин мухтасарро боз мухтасартар кардааст. «А.» бо вуҷуди хурд будан, …

Муфассал »

АТ-ТАСРИФ ЛИ МАН АҶАЗА АНИ-Т-ТАЪЛИФ

jrldeg79xjsa7ruamschx9ee2dkzui5d

«АТ-ТАСРИФ ЛИ МАН АҶАЗА АНИ-Т-ТАЪЛИФ», асари ҷарроҳи маъруфи андалусӣ Абулқосим Халаф ибни Аббос аз-Заҳровӣ (936 – 1036). Китоб аз сӣ мақола иборат буда, се мақолаи он ба масъалаҳои тиббӣ ва боқимонда ба масъалаҳои дорушиносӣ бахшида шудаанд. Муаллиф дар мақолаи якум дар баёни ғарази таълиф, муҳтавиёти китоб ва дар бораи умури …

Муфассал »

АТ-ТИББУ-Р-РӯҲОНӣ

86172971425217261221295273141468625

«АТ-ТИББУ-Р-РӯҲОНӣ» («Тибби рӯҳонӣ»), асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 – 925). Китоб дар баёни хулқу атвори нафсонӣ ва чигунагии ислоҳи он буда, ҳарчанд ба тиб бевосита муносибат надошта бошад ҳам, тандурустии инсон ва вобастагии онро ба ахлоқ ва ҳолатҳои нафсонӣ, ҳамчунин дар сурати ислоҳ накардан, муҷиби бемориҳои гуногун гаштани …

Муфассал »

АТЪИМАИ МАРЗО

large

«АТЪИМАИ МАРЗО», асари Муҳаммадкозим ибни Ҳаким Муҳаммадравшан. Китоб дар бораи муолиҷаи бемориҳо бо ёрии ғизоҳо баҳс мекунад. Як нусха аз дастнависи он дар Китобхонаи Миллии ба номи Фирдавсӣ зери рақами 1595 маҳфуз буда (соли китобаташ 1846), аз 255 саҳифа иборат аст. С. Шаҳобуддинов.

Муфассал »

АУДИОЛОГИЯ

f1cb0a489c98e112abcbb13c8e6f5b2c

АУДИОЛОГИЯ (Augiologia; аз лот. audio – мешунавам ва юн. loges – таълимот), илм дар бораи шунавоӣ. А. ҳолати шунавоӣ, сабабҳои карӣ ва гӯшвазниниро омӯхта, усулҳои ташхис ва роҳҳои табобати онҳоро дарёфт менамояд. Дар ҳалли ин масъала омӯхтани таъсири омилҳои истеҳсолӣ (ғавғо, ларзиш, моддаҳои заҳрнок) ба шунавоӣ ва пешгирии онҳо мавқеи …

Муфассал »

АУДИОМЕТРИЯ

procedura-audiometrii-dlya-detej-i-vzroslyh

АУДИОМЕТРИЯ (Audiometria; аз лот. audio – мешунавам ва …метрия), акуметрия (аз юн. akuo – мешунавам), чен кардани қувваи сомеа. Азбаски қувваи сомеа аз рӯи дарки ҳадди садо муайян карда мешавад, А.-ро барои аниқ кардани қувваи пасттарини садое, ки одам мешунавад, мувофиқ месозанд. Усули муқаррарии А. дарк кардани садоҳои гуногуни одам …

Муфассал »

АУСКУЛТАТСИЯ

auskultaciya

АУСКУЛТАТСИЯ (лот. auscultatio – шунидан), усули шунавидани садоҳо (оҳанг, ғулғула, соиш ва ғ.)-и кори узвҳои бадани одам бо гӯш ё ба воситаи асбобҳои махсус, мас., фонендоскоп. А.-ро дар амалияи тиб с. 1819 духтури франсавӣ Р. Лаэннек ҷорӣ намудааст. А. дар соҳаи терапия, фтизиатрия, кардиология, акушерӣ, пулмонология, баъзан дар ҷарроҳӣ истифода …

Муфассал »

АУТИЗМ

autizm_simptomy

АУТИЗМ (Autismus), як гурӯҳи бемориҳост, ки дар мавриди онҳо ташаккули малакаҳои нутқ ба таъхир афтода, дар муносибати мариз ба дигарон ноҷуриҳо пайдо мешаванд. А. ихтилоли инкишофи рӯҳӣ буда, дар шаклҳои гуногун зуҳур меёбад. Чунин кӯдаконро дар ҳама ҷо – аз боғча то мактабу коллеҷҳо – пайдо кардан мумкин аст. Кӯдакони …

Муфассал »

АУТОАЛЛЕРГИЯ

gautoallergy

АУТОАЛЛЕРГИЯ (аз юн. autos – худ ва аллергия), осебе, ки бинобар ба бофтаҳои худи организм таъсир расондани системаи иммунӣ (масунӣ) ба вуҷуд меояд. Дар шароити мӯътадил нисбати сафедаҳо ва ҳуҷайраҳои бофтаҳои худӣ тобоварии иммунологӣ мавҷуд аст. Он ҳолатест, ки системаи иммунӣ ба сафедаю ҳуҷайраҳо таъсир намерасонад. Дар аснои баъзе бемориҳо …

Муфассал »

АУТОГЕМОТЕРАПИЯ

autogemoterapiya

АУТОГЕМОТЕРАПИЯ (аз autos – худ, гемо… ва терапия), ба зери пӯст ё мушак фиристодани хуне, ки аз венаи худи патсиент гирифта шудааст. Нақшаи табобатро духтур муқаррар менамояд. Муолиҷаро аз тазриқи 2 мл хун оғоз намуда, баъди ҳар 2 – 3 рӯз вояи онро 2 мл зиёд мекунанд (то ба 10 …

Муфассал »